Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Боздошти ронандаи бадмасте, ки боиси ҳалокати ноболиғи 13-сола гардид

Мақомоти корҳои дохилии Тоҷикистон гуфтанд, ронандаеро, ки дар ҳолати мастӣ дар ноҳияи Фархор садама кард ва боис ба ҳалокати навраси 13-сола Фаррух Ғозиев шуд, дастгир карданд.

Бино ба иттилои РВКД нафари гунаҳгор дар ин ҳодиса Аскарҷон Бухориев ном бурда мешавад. Манбаъ меафзояд, ки номбурда 41-сол дошта саннаи 20-уми июн бо мошини «Опел-Астра», ки дар ҳолати сархушӣ меронд, дар ҳудуди ноҳияи Фархор  ноболиғи 13-соларо пахш намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб мезанад.

Дар ҳамин ҳол яке аз пайвандони наздики навраси ҳалокшуда – журналист Зеваршо Ғозиев рӯзи 21-уми июн дар саҳифаи фейсбукияш чунин навиштааст:

“Қазияи реҳлати додари ҷавонмарги 13-солаам, ки бисёр даҳшатбору нангин аст, маро намегзорад ором бишинам. Дирӯз тақрибан ҳамин соатҳо 3 нафар масту пиёни Худобехабар дохили як мошин ва яке аз онҳо капитани милитсияи минтақаи Кӯлоб бо суръати онқадар баланд мошинро рондаанд, ки ронандаи масти он мошинро идора карда натавониставу додарҷони маро бераҳмона зер карда анқариб 50 метр дур ҳаво додаст. Сари кӯдак ду пора шуда, баъди ним соати ин ҳодиса дар беморхона бо азоб ҷон дод. Вале чӣ тавр виҷдони муфаттише, ки дохили он мошин маст буд, бардошт кард, ки бигӯяд, мо не, мошини бегонае кӯдакро зер карду гурехт ва аз ин гуноҳ панаҳҷӯӣ кард. Ин қазия то фардо пурра ҳал нашаваду гунаҳкорон озод шаванд, ман ба Додситони кулл муроҷиат мекунам ва аз ҳамкороне, ки дар расонаҳои байналмилалӣ кор мекунанд, хоҳиш мекунам, ин ҳодисаро пурра таҳқиқ кунанд. Махсусан алайҳи паноҳкории муфаттиши милитсия, ки ҳамдеҳаамон аст, мехоҳам чораи ҷиддӣ андешида шавад. Тафсилоти пурратарро баъдар менависам”.

Зеваршо Ғозиев имрӯз дар навиштаи дигари фейсбукияш изҳори умед ба адолати судӣ ва таҳқиқот кардааст:

“Қотилони додари ман бо 5 ҷурм назди қонун гунаҳкоранд:
1. Маст нишастан сари чамбараки мошин
2. Қатли одам
3. Баъди бо мошин зер кардан ба беморхона интиқол надодани ҷабрдида (дар ҳоле, ки се нафари дохили он мошин худ саломат буданду имкони додани ёри аввалӣ доштанд)
4. Иҷоза додан ба ронандаи маст барои рондани мошин аз ҷониби муфаттиши миллиса (ҳангоме ки муфаттиш худ дохили мошин буду шоҳиди сархуш будани ронанда)
5. Қасди пинҳон намудани гуноҳи одамкушӣ (ҳатто аз ҷониби муфаттиши милиса)
Ps: То охирин нафас барои ҷорӣ гардидани адолат мубориза мебарам ва менависам! Ва аз адолати судиву таҳқиқоти муфаттишони Вазорати корҳои дохилии кишвар умеди зиёд дорам”.

Тарзи ҳаракати мошинҳо дар роҳҳои Тоҷикистон яке аз масоили доимии мавриди интиқод дар забони мардум, мақомот ва матбуот аст. Дар миёни маъмултарин қонуншиканиҳо – ҳаракат бо суръати баланд, риоя нашудани қоидаи ронандагӣ, мастӣ, надоштани ҳуҷҷати ронандагӣ номбар мешаванд.

-->

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.