Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Бозгашти Садриддин бо таронаи “Намеша-2” (видео)

Садриддини Наҷмиддин, овозхони шинохтаи тоҷик, ки ду соли охир дар Амрико ба сар мебарад, рӯзи 20 ноябр баъди якуним соли хомӯшӣ таронаи наваш бо номи “Намеша-2”-ро дар Интернет нашр кард.

Ин таронаро дар зарфи 13 соат дар шабакаи Youtube аллакай 90 ҳазор нафар тамошо кардаанд.

Аз манзараҳои клиппи тарона пай бурдан мумкин, ки тарона дар Канада наворбардорӣ шудааст.

Таронаи аввали Садриддин бо номи “Намеша” дар баҳори соли 2018 нашр шуда, дар якуним сол танҳо дар шабакаи Youtube  қариб 11 миллион тамошобинро ҷамъ оварда буд.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.