Бозии «алик- малик» сари ҳаннотро хӯрд (Видео)

Як гурӯҳи ҳуққабозон дар бозори «Панҷшанбе”-и шаҳри Хуҷанд дар рӯзи равшан бо бозии қимори «алик-малик” мардумро фиреб дода, кисаҳояшонро холӣ мекунанд. Як моҳ пеш як чунин ҳуққабози тоқипӯшро дар бозори «Саховат”-и Душанбе дастгир карданд, вале шоҳидон мегӯянд, ки алакай ба ҷои ин тоқипӯш нафарони наве дар ҳамонҷо боз ба фиреби мардум машғуланд.

Бознашр аз «Ахбор»

Дар видеое, ки яке аз хонандагони сомонаи «Ахбор” аз шаҳри Хуҷанд фиристод, дар рӯзи равшан ва дар пеши чашми одам дар назди бозори «Панҷшанбе” рӯирост ба фиреби мардум машғул шудани як гурӯҳи ҳуққабозон тасвир шудааст. Дар видео дида мешавад, ки як мард бо се қарта мардумро ба бозӣ кашида истодааст ва нафарони ӯ дар ҷои бозӣ худро гӯё одами холис нишон медиҳанд ва дигаронро ба ин қимори аз пеш натиҷааш ноком ташвиқ мекунанд.

Марди ҳуққабоз се қартаро дар рӯи замин бозӣ медоронад ва мегӯяд: «Дутааш сурхай, якташ – сиёҳ, сиёҳ мебурад. Мардак мебурад, занак не. Биё!” Баъд нафароне, ки яқинан аъзои ҳамин мафияи «алик-малик” мебошанд, ба бозӣ медароянд ва гӯё 400 сомонӣ мебаранд. Ҳуққабоз «ош шавад!” гӯён пули бурдаи онҳоро ба дасташон медиҳад ва боз аз нав қарта мекашад.

Вале ин «бурд”-ҳо танҳо барои фиреби назар ва барои ба бозӣ кашидани мардуми бехабар аст. Баъди чанд давр, ки одамони худи ҳуққабоз гӯё пули калон мебаранд, ягон бечораи раҳгузар ва асосан деҳотиён ба ин фиреб дода мешавад ва низ мехоҳад бахти худро бисанҷад. Дар ин ҳолат ҳамаи ҳуққабозон як мешаванд ва ин бечораро то комилан холӣ кардани ҷайбҳояш меҷӯшанд.

Бо шеваҳои гуногуни чунин бозии қимори маъруф бо номи «алик-малик” фиреб додану холӣ кардани кисаи мардум даҳсолаҳо боз идома дорад, вале мақомот тавони гирифтани пеши роҳашро надоранд.

Дар моҳи октябр нашрияи «Фараж” ва «Ахбор” видеои як марди тоқипӯшеро нашр карда буданд, ки дар гузаргоҳи зеризаминии назди бозори «Саховат” бо чунин шева мардумро фиреб медод. Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон баъди ин гузоришҳо он марди тоқипӯшро дастгир кард ва тавассути телевизион намоиш дод.

«АЛИК-МАЛИК” БО ТОҚИАШ ПУШТИ ПАНҶАРА РАФТ (ВИДЕО)

Маркази матбуоти вазорати дохила гуфт, сокини 32-солаи ноҳияи Восеъ Муродалӣ Тошматович Баротов ҳарчанд қаблан ҳам маҳкум шуда буд, боз бо ташкили бозии мардумфиребонаи маъруф ба «алик-малик” даст ба қаллобӣ задааст. Ба гуфтаи мақомот, Муродалӣ Баротов дар роҳҳои пиёдагард ва гузаргоҳҳои зеризаминии пойтахт бозии мардумфиребонаи «алик-малик” ташкил намуда, бо ҷалби раҳгузарон, ба хусус ҷавонони бехабар, пулҳои онҳоро бо роҳи фиреб аз худ карда, даромади муфт ба даст меовард.

Дар ин гузориш аз видеои дар «Фараж” ва «Ахбор” нашршуда фаровон истифода шудааст, вале Муродалӣ Баротов ба ҳадде густох буд, ки ҳатто дар ҳуҷраи кории муфаттишон ин «ҳунар”-и мардумфиребиашро намоиш дод, ки чигуна мардумро ба доми фиребаш меафтонд. Ба ӯ ҳангоми ин намоиш муяссар шуд, ки ҳатто корманди милисаро гӯл бизанад.

Муродалӣ Баротов мегӯяд, ҳангоми бозӣ ҳамроҳи худ шариконе дошт, ки ба онҳо бардурӯғ ягон миқдор пулро бой медод, то мардуми бештар ҷалб шаванд.

Муродалӣ Баротов дар асл нашъаманд буда, даромадеро, ки ба даст меовард, асосан барои харидани маводи мухаддир истифода мекард. Ӯ дар ин гузориш хитоб ба мардум мегӯяд: «Бачаҳо, бозӣ накунед! Фиреб аст ин. Ҳеҷ кас намебарад.”  

Вале мақомот ва коршиносон мегӯянд, то даме ки мардуми зудбовар ҳаст, бозори чунин ҳуққабозон низ гарм боқӣ мемонад.

Журналист Маҳмадсафо Нозилов дар шабакаи Фейсбук бо нашри як матлаб бо номи «Тоқидор рафту ба ҷояш бе тоқӣ омад чаро?” навиштааст: «Чанд рӯз пеш акаи Мирзо Салимпур хабаре оид ба дастгир шудани гуруҳи қалобон(яъне бозингарони алик малик)-ро нашр карда буд, ки онҳо бо роҳбарии он тоқидори…. амал мекарданд аммо имрӯз, яъне 01-12-2017 тақрибан соати 10 вақте, ки аз гузаргоҳи зеризамини(ба истилоҳ подземка) мегузаштам нохост чашмам ба мардуми зиёд афтид, ки дар гирди касе ҷамъ шудаанд.Ҳисси кунҷковиам маро ором нагузошт то ки роҳамро давом диҳам ва ба онҳо наздик шудам вақте наздик шудам дар он ҷо бозии алик малик бо суръат давом дошт ва бозиро ба ҷои он «тоқидор » як каси тамоман дигар бо шавқ пеш мебурд. Аз ин хеле руҳафтода гаштам ва ба худ гуфтам: Тоқидор рафту ҷояшро холи нагузошт. Умед бар он мебандем,ки ин гуруҳи ҷиноятпешаи қалоб дар рӯзҳои наздик аз тарафи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дастгир карда мешаванд.”

Умедворем, ки ин мафияи «алик-малик” ҳам дар бозори «Саховат”, ҳам дар бозори «Панҷшанбе” ва дар ҳар куҷои дигари Тоҷикистон билохира решакан карда хоҳад шуд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *