Бозии мунтахаби занони Русия бо ҳиҷоб

Зимни баргузории мусобиқаҳои рафиқона байни мунтахабҳои занонаи Русия ва Эрон оид ба футболи хурд дар шаҳри Теҳрон бонувони рус бо ҳиҷоб тӯбронӣ кардаанд.
Тибқи муқаррароти қонунҳои шариат бонувони варзишгар дар Эрон вазифадоранд бо ҳиҷоб дар мусобиқаҳои варзишӣ ширкат намоянд. Риояи ин қоида ба бонувони варзишгари дигар кишварҳо, ки ба Эрон меоянд, ҳатмӣ мебошад.
Хадамоти матбуоти ассотсиатсияи футболи хурди Русия иттилоъ додааст, ки бонувони футболбози рус дар ду вохӯрии рафиқона бо дастаи Эрон ҳиҷоб ба бар карда, футбол бозиданд. Вохӯрии якум бо натиҷаи 3:3 ва вохӯрии дуюм бо ҳисоби 5:3 ба фоидаи русдухтарҳо ба анҷом расид.
— Сафари мо ба Эрон пурмаҳсул гузашт, — гуфтааст капитани мунтахаби Русия Ксения Олкова ба нашрияи «Спорт-Экспресс». – Мо худро дар Эрон озод ҳис кардем. Духтарҳо аллакай ба пӯшидани ҳиҷоб одат кардаанд. Мо ба расму анъанаҳои маҳаллии Эрон эҳтиром мегузорем. Бинобар ин, моро дар ин ҷо самимона пазироӣ менамоянд. Бозиҳо бо духтарони эронӣ барои мо падидаи муҳими варзишӣ маҳсуб меёбанд. Барои меҳмондории самимии мизбонон ташаккур баён мекунам!
Э. НАЗАРОВ

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *