Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Бидуни фавт! Омораи нави коронавирус дар Тоҷикистон

Шабонарӯзи гузашта дар кишвар 44 ҳолати нави сироятёбӣ ба COVID-19 ошкор гардида, шумораи онҳо дар муддати аз 30 апрел то 22 сентябр ба 9432 нафар расид.

То имрӯз дар мамлакат 8199 ё худ 86,9%-и гирифторони COVID-19 шифо ёфта, аз ин беморӣ 73 нафар фавтидаанд.

Шабонарӯзи охир 110 нафар гумонбарон зери назорати табибон қарор дошта, 47 нафар баъд аз муолиҷа ба хонаҳояшон рухсат дода шуданд.

Мавриди зикр аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати пешгирӣ ва табобати CОVID-19 тамоми тадбир ва чораҳои заруриро амалӣ менамояд.

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.



arzon.tj