Бузургон дар васфи Хоҷа Камол

Абдураҳмони Ҷомӣ,

шоир ва мутафаккир

Вай (яъне Камоли Хуҷандӣ) бисёр бузург будааст. Ва иштиғоли вай ба шеъру такаллуф дар он сатру талбисро буда бошад (Яъне, ба шеър даст задани ӯ танҳо барои чеҳраи ҳақиқии ирфонии худро зери сатри шеър гирифтан будааст), балки мешояд, ки барои он буда бошад, ки зоҳир мағлуби ботин нашавад ва аз риояти сурати убудият бознамонад.

В. В. Григорьев,

шарқшинос

…Дар замони Тӯхтамиш дар Сарой, аз ќабили Мавлоно Ҳофизиддини Баззозӣ, Мавлоно Камолиддин Аҳмади Хуҷандӣ ва дигар донишмандон ва аҳли адаб зиндагӣ кардаанд…

Бо таъсири бузургоне чун Баззозӣ ва Камол шаҳри Сарой паноҳгоҳи илму фарҳанг ва макони осоиши уќалову фузало мешавад ва беҳтарин олимон, фаќеҳон ва соири ашхоси фозил ва боистеъдодон ҷо ҷамъ омада буданд….

Алиакбари Деҳхудо,

фарҳангнигор

Камолиддини Хуҷандӣ аз шоирони бузурги авохири ќарни ҳаштум аст, ки махсусан дар ѓазалсароӣ маҳорат дошт ва дар девони ӯ ба ѓазалҳои матбӯъи зиёд, ки ѓолибан маќрун ба завќи ирфонӣ аст, метавон бозхӯрд.

Евгений Бертельс,

шарқшинос

Из среднеазиатских подражателей Хафизу нужно в первую очередотметить талантливого Кемаля Худжанди (ум. 1392 г.). О жизни его известно мало. Надо думать, что Кемаль пользовался в Средней Азии довольно большой славой, он был приглашен в Сарай, где провел четыре года, окруженный почётом и уважением.

Иосиф Брагинский,

Насколько жизненнее, нежнее, тоньше Камол, когда, даже говоря явно иносказательно, он рисует естественный образ, остроумно играя при этом словом. Он говорит, что ему не страшен Судный день, «если ожерелье кудрей возлюбленной находится в его длани» («гap иќди зулфи ёр бувад дастгири мо»), используя двусмысленность слова «дастгир», – обозначающее также «помощник».

Лирика протеста, бунта личности, составляющая суть творчества последнего и в известной море его современников Камола Худжанди (ум. между 1380-1405 гг.), Масира Бухори и др., является апогеем этого периода персидской литературы, типологически сопоставляемого с высшим Ренессансом Запада….

 Ян Рипка,

шарқшинос

В мастерском изображении всех нюансов любви заключается сила Камола как поэта. Согласно тазкире, Хафиз и Камол так тепло относились друг к другу, что часто обменивались только что написанными газелями. Однако отличие Камола в том, что он не восхвалял сильных мира сего. Он является первым из современных Хафизу поэтов, о которых тот упоминает.

Тонкий лирик Камол любит легкие и плавные размеры, но использует сложные рифмы и редифы, всему предпочитая гиперболу, столь гармонирующую с взволнованностью содержания. Он оказал большое влияние на весь XV век.

Садриддин Айнӣ,

академик, Қаҳрамони Тоҷикистон

Ман инсоф мекунам ва бояд дигар суханшиносон ҳам иќрор кунанд, …мисраъҳои Камол аз мисраъҳои ман ба забони оммаи халќи тоҷик наздиктар аст, ҳар тоҷик ҳарчанд бесавод бошад ҳам, ин мисраъҳои Камолро бе ҳеҷ фикр мефаҳмад, аммо маҷбур мешавад, ки «олами имкон» ва «мултамас» барин калимаҳои маро аз ягон кас пурсад. Агар Камол бо ин мисраъҳои худ эронӣ ҳам мебуд, мо ӯро аз худ мешумурдем, чӣ ҷойи он ки ӯ Хуҷандӣ бошад.

Дар суханҳои Шайх Камол тарзи хосе аст, ки дигаронро кам иттифоќ меафтад. Камол дар ашъори худ лафзҳои думаънидор ва ҷиносро бисёр ба кор мебарад ва ба ҳар ду маънӣ ҳам шеъраш аз ҷазолат намебарояд.

Яке аз хусусиёти Камол он аст, ки ҳеҷ яке арбоби дувалро мадҳ нагуфтааст. Ин давлат ба бисёртарин шуарои мутаќаддимин муяссар нашудааст.

Камол устоди бузурги забон аст, ӯ дар аксар байтҳои худ як ё ду сухани думаънидор ё ки чанд маънидорро кор мефармояд, ӯ ин гуна суханҳоро чунон устодона кор мефармояд, ки бо гирифтани ҳар кадоми он маъниҳо, мазмуни он байт пурра мебарояд.

Бобоҷон Ѓафуров,

академик, Қаҳрамони Тоҷикистон

Камоли Хуҷандӣ яке аз устодони жанри ѓазал аст, ѓазалҳои ӯ хеле мусиќавӣ ва ҳамоҳанги ѓазалҳои Ҳофизанд, ин аст, ки ӯ низ яке аз устодони ҳамин жанр шинохта шудааст.

Шарифҷон Ҳусейнзода,

профессор

Камолиддин Масъуд яке аз шоирони асри миёнаи тоҷик буда, то ин дам дар таърихи адабиётамон, чӣ тавре ки лозим аст, тадќиќ ва таҳќиќ нашуда меояд, лекин Камол бо ѓазалиёти дилкаш ва ҷовиди худаш хеле маъруф шуда, дар тараќќии поэзияи тоҷик мавќеи ҷудогонаро ишѓол кардааст.

Камол устоди бузурги лирикаи тоҷик аст, лирикаи вай хаёлоти рангин ва лавҳаҳои тоза ва нозанин дорад, ки монанди ин шоир камтар дида мешавад, ҳар як байти вай бо приёмҳои аҷоиб музайян шудааст, ки дар хонанда як навъ завќ ва ҳузури бадеӣ пайдо мекунад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *