Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

“Чакан” ҷои ҲНИТ”- ро гирифт

Ширкати “Чакан” дар шаҳри Кӯлоб ба зудӣ дар бинои собиқи ҳизби мамнӯи Наҳзати исломӣ дар ин шаҳр ҷой хоҳад гирифт.

Зариф Валиев, раҳбари ширкати “Чакан”,  гуфтааст, ки масъулони шаҳрдории Кӯлоб ваъда додаанд, “баъди сафари Эмомалӣ Раҳмон ба минтақа бинои собиқи ҲНИТ-ро дар ихтиёри онҳо хоҳанд гузошт”. Ба гуфти Валиев, бинои собиқи ҲНИТ дар Кӯлоб як сол боз холӣ аст ва дар сурати ба ихтиёри ширкати “Чакан” гузоштан, даҳҳо зан метавонанд, ба корашон идома диҳанд. Моҳе қабл шаҳрдории Кӯлоб бинои ширкати “Чакан”-ро дар дохили Боғи фарҳангу фароғати шаҳри Кӯлоб тахриб кард ва ҳоло дар ҷойи он Нишони давлатӣ қомат афрохтааст.

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.