Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Чаро мушкили Тоҷикистон бо Қирғизистон ҳал намешавад?

Рӯзи 18 декабр миёни сокинони манотиқи марзии Тоҷикистону Қирғизистон моҷарои навбатӣ рух дод. Дар ин бора нахуст нашрияи “24.Kg”-и Қирғизистон хабар дод ва баъдан  сухангӯйи Исфара Иқбол Тешаев онро тасдиқ кард.  

Айб дар тоҷикон аст ё қирғизҳо?

Бино ба иттилои Хадамоти давлатии марзбонии Қирғизистон, шаҳрвандони Тоҷикистон дар атрофи фурӯшгоҳе дар минтақаи баҳснок дар наздикии деҳаи Кӯктоши вилояти Боткенти ин кишвар ба сохтмони девор шурӯъ кардаанд.

Дар натиҷа ҳудуди 30-40 нафар шаҳрвандони қирғиз дар ин маҳал гирди ҳам омада, хостори мутаваққиф шудани корҳои сохтмонӣ шудаанд.

Дар пайи ин моҷаро марзбонони қирғиз ба маҳали ҳодиса омада аз шаҳрвандони Тоҷикистон талаб кардаанд, ки сохтмони деворро қатъ кунанд. Аммо ҷавоби рад гирифтаанд.

Дар ҳамин ҳол, Иқбол Тешаев, сухангӯйи ҳукумати шаҳри Исфара дар суҳбат бо сомонаи www.pressa.tj ҳодисаи мазкурро “амалҳои тахрибкоронаи қирғизҳо” унвон кардааст.

Ба гуфти вай, маҳз сокинони маҳаллаи Кӯктоши деҳаи Оқсойи ноҳияи Боткент аз омилони ин моҷаро буда, “шишаҳои тирезаҳои мағоза ва шиферҳои боми нонвойхонаи маҳаллаи Сомониёни ҷамоати деҳоти Чоркӯҳро барқасдона шикатаанд”.

Ҳамчунин, ба иттилои Иқбол Тешаев, қирғизҳо шишаҳои мошини сабукрави  сокини маҳаллаи Сомониён Урмониддин Сафаровро шикастаанд. Ба иддаои вай, “ин амалҳои моҷароангезона, ки таҳти ҳимояту пуштибонии сарҳадбонони қирғиз рух додаанд, боиси норозигӣ ва изтироби сокинони маҳаллаҳои наздисарҳадии деҳоти Чоркӯҳ гардидаааст”.

Мақомоти қирғиз – ҷонибдори ҳамлагарон

Зубайдулло Шомадов, як нафар корбари фаъоли “Фейсбук” ва сокини Чоркӯҳ мегӯяд, ки иншооти мавриди ҳамлаи қирғизҳоқароргирифта барои ҳар ду ҷониб муҳим буд:

“Тавре шоҳидони ҳодиса изҳор медоранд, соҳибмулки мағоза ва нонвойхона ин иншоотҳоро бо мақсади хизматрасонӣ ва осон кардани мушкилоти сокинони деҳоти наздисарҳадии ҳар ду ҷониб сохта буд ва аз он сокинони маҳаллаи Кӯк-Тош низ истифода мебурданд. Мутаассифона, ба иншооти номбурда таҳти сарварии сарҳадбонони кишвари ҳамсоя хисорот расонида шуд ва субҳи рӯзи 16 декабри соли 2019 амали харобкорона нисбати мошини шахсии шаҳрванд Сафаров Урмониддин низ таҳти роҳбарии командири дидбонгоҳи сарҳадии Куктоши ноҳияи Боткент Султонбаев Мирбек сурат гирифтааст.”  Бино бар гуфти сокинони маҳаллаи Сомониён, масъулини корҳои дохилӣ ва сарбозону сарҳадбонони қирғиз худ ин амалҳоро ташкил ва роҳбарӣ мекунанд ва дар рафти онҳо бевосита иштирок менамоянд. 

Силсиламухолифат дар арафаи Соли нав

Мухолифатҳо дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон, ки чанд моҳи охир каме хомӯш шуда буданд, дубора дар ҳоли авҷгирӣ аст.

Қаблан,  санаи 11 декабри соли равон гурӯҳе аз сарҳадбонони бо яроқ мусаллаҳи қирғиз дар маҳаллаи Сомониён ба марзи Тоҷикистон ворид шуда, бо даъвои баҳсӣ будани мавзеъ ба деҳқонони чоркӯҳӣ, ки мехостанд заминҳои кишоварзии худро шудгор кунанд, монеъ гаштанд ва хостгори низоъ будани худро ошкор намуданд. Дар ин бора Зубайдлло Шомадов, як нафар сокини Чоркӯҳ хабар медиҳад.

Рӯзи 5 декабри соли 2019 бошад, дар натиҷаи амали ғайриқонунии нафаре аз сокинони деҳаи Оқсой дар марзи Ворух ва аз ҷониби сарҳадчиёни тоҷик боздошт шудани ӯ ҷониби Қирғизистон шоҳроҳи Исфара – Ворухро тахминан аз 13 то 14 -и ин рӯз баста, мусофирони 3 микроавтобус ва зиёда аз 20 мошинҳои сабукрав , дар майдони назди қисми ҳарбии ин маҳал , чун гаравгон боздошт карда шуда буданд.

Бино бар гуфти сокинони маҳалҳои наздисарҳадӣ, ки ҳамарӯза шоҳиди ҳол дар марз ҳастанд, мутаассифона, тамоми ин амалҳои ғаразноку иғвогарона ва харобиовар бевосита аз ҷониби ҳайати фармондеҳӣ ва худи сарҳадбонии ҷониби Қирғизистон ташкил, роҳбарӣ ва идора карда мешавад.

Бо вуҷуди ин мақомоти тоҷик аз шарҳи моҷароҳои марзӣ худдорӣ мекунанд.

Дирӯз маълум шуд, ки пас аз ихтилофи ахир барои ҳалли ин моҷаро мулоқоти марзбонони Тоҷикистону Қирғизистон ва намояндагони ҳукуматҳои Боткенту Суғд баргузор шудааст. Ба ҷуз он ки дар ин ни шаст тасмим гирифта шудааст, ки корҳои сохтмонӣ дар ин минтақаи баҳснок мутаваққиф шаванд, дигар чизе равшан нест. 

Баҳси беохир

Имтидоди марзи Тоҷикистону Қирғизистон 976 километрро ташкил дода то ҳол танҳо 504 километри он мушаххас ва аломатгузорӣ шудааст.

Вуҷуди манотиқи баҳснок дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон боиси сар задани мухолифатҳо ва ҳатто задухӯрд миёни сокинони манотиқи марзӣ мешавад.

Дар моҳи сентябри соли ҷорӣ бар асари задухӯрди сокинони манотиқи марзии Тоҷикистону Қирғизистон, ки марзбонони ин ду кишвар низ ширкат доштанд, 3 марзбони тоҷик ва 1 сарҳадбони қирғиз кушта шуданд.

Тобистони соли равон Президентҳои Тоҷикистону Қирғизистон Эмомалӣ Раҳмон ва Сооронбой Жээнбеков ба минтақаҳои баҳсӣ сафар намуда, бо сокинони назди марзҳо мулоқот баргузор карданд. Зимни мулоқоти бевоситаи сарони давлатҳо қарор шуд, ки масъалаи аломатгузории марзҳо ҳал мешавад ва ба ин васила кашмакашиҳои сокинон низ хомӯш хоҳад шуд.

Вале сафари ду президент ва таъсиси  як комиссия ҳам мушкили марзро ҳал накард ва ин баҳс ҳамоно беохиру ихтилофҳо байни сокинон идомадор боқӣ мемонанд.

Одили Нозир,

“Тоҷикистон”

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.