Дар Мӯъминобод мори шашметраро куштанд

Дар Интернет видеои як мори шашметра нашр шудааст, ки муаллифаш мегӯяд, гӯё дар деҳаи Шаҳбачаи ноҳияи Мӯъминободи Тоҷикистон пайдо кардаанд. Хабари куштани мори шашметра як моҳ боз дар Мӯъминобод вирди забони мардум аст, вале тасдиқи воқеияташ мушкил аст.

Беш аз як моҳ боз дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва дар телефонҳои мобил дар Тоҷикистон видеое чарх мезанад, ки гуфта мешавад, дар он лаҳзаи дар як майдони алафдаравӣ дар ноҳияи Мӯъминобод пайдо кардани як мори шашметрии навъи кобра тасвир шудааст.

Дар видео дар воқеъ як мори хеле дароз дида мешавад, ки қисматаш сараш ғарқи хун аст. Аз пас садои сӯҳбати як ҷавон ба гӯш мерасад, ки гоҳ-гоҳ алфози қабеҳро ҳам ба забон меорад ва мегӯяд, агар ин морро намезад, худаш тӯъмаи вай мешуд.

Ӯ ҳангоми ҳарфзанӣ чанд бор номи ҳамсӯҳбаташро гирифта, ба ӯ Комрон гуфта муроҷиат мекунад. Ин ҷавон дар видео аз сар то думи мор мурур карда, тахмин чен мекунад, ки дарозиаш 6 метр аст.

Мор дар навор ҳанӯз зинда аст ва бо чӯб даҳони ӯро боз карда дандонҳояшро нишон медиҳанд ва ҷавон мегӯяд, ки дасти одам, балки ҳатто пои одам баҳузур дар гулӯи ин мор ҷо мешавад.

Сомонаи «Ахбор” талош кард, ки воқеияти ин наворро ташхис кунад, вале то ин соат пайдо кардани шоҳидони бевоситаи ин ҳодиса муяссараш нашудааст.

Сабр999, яке аз корбароне, ки ин видеоро дар шабакаи «Одноклассники” нашр кард, гуфт, видеоро аз дигарон гирифтааст ва худаш шоҳиди айнӣ набуд. Ӯ мегӯяд, худи ҳодиса дар воқеъ моҳе пеш дар деҳаи кӯҳистонии Шаҳбача дар ҷамоати Боғгаӣ сурат гирифтааст, вале сӯҳбатҳо дар бораи чӣ гуна куштани мор мухталиф аст? Бархе мегӯянд, ки ӯро бо камон куштаанд ва бархе мегӯянд, кадом алафдараве ҳангоми дарав бо дос.

Як сокини дигари Мӯъминобод гуфт, вуҷуди чунин мори бузургро аз пеш пайхас карда, сари роҳашро гирифтаанд ваӯро гӯё ҷангалбон куштааст.

Ташхиси то куҷо воқеият доштани ин фарзияҳо ва ҳам худи воқеияти навор мушкил аст, зеро касе аз шоҳидони айнии ин ҳодисаро то ин соат пайдо карда натавонистем.

Қаблан дар Интернет чунин видеоҳо, аз ҷумла видеои як сангпушти ҷуссаш аз мошин бузургтар нашр шуда буд, ки иддао мешуд, гӯё дар Тоҷикистон пайдо кардаанд. Вале баъдан маълум шуд, ки видео сохта аст.

Ҳангоми тамошои видеои «мори шашметра дар Мӯъминобод” мутаваҷҷеҳ бошед, ки гӯяндааш дар чанд маврид аз алфози қабеҳ истифода кардааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

4 шарҳ вуҷуд дорад

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *