Дар мактабҳо дуд додани ҳазориспанд ҳатмӣ шуд

Тибқи иттилои сомонаи туркмании Arzuw NEWS бо истинод ба вазири маорифи Туркманистон, қоидаҳои нав оид ба пешгирии бемориҳои сироятӣ дар мактабҳои Туркманистон аз 1 сентябр ҷорӣ карда мешаванд.

Муассисаҳои таълимӣ бояд дар як ҳафта як маротиба корҳои санитарӣ-гигиенӣ ва дезинфексия гузаронанд. Дар даромадгоҳ ба мактабҳо муаллимони навбатдор муҳассилин ва кормандонро пешвоз гирифта, таби онҳоро месанҷанд ва назорат мекунанд, хонандагон бо маводҳои безараргардонӣ дастҳояшонро тоза ва ба бинниҳояшонро малҳами оксолинӣ кунанд.
«Параграфи алоҳида дар дастурҳо безараргардонии биноҳоро пеш аз дарс ва баъд аз он, инчунин ҳангоми танаффуси калон бо дуди ҳазориспанд пешбинӣ кардааст. Пас аз ҳар баст, инчунин бояд корҳои безараргардонӣ муқаррар карда шавад», гуфта мешавад дар хабар.
Инчунин қайд шудааст, ки мувофиқи дастурҳо дар ҳар як синф шумораи хонандагон набояд аз 10-15 нафар зиёд бошад, бинобар ин ба нақша гирифтани синфҳо бо шумораи зиёди хонандагон пешбинӣ шудааст.
Давомнокии дарсҳо инчунин бо назардошти синну соли донишҷӯён ислоҳ карда шуд. Ҳамин тавр, барои хонандагони синфи якум ҳар дарс 25 дақиқа, дар синфҳои 2-4 — 30 дақиқа ва дар синфҳои 5-11 — 35 дақиқа идома меёбад. Танаффусҳо пас аз ҳар дарс 10 дақиқа ва танаффуси калон 20 дақиқа мебошад.
Ёдовар мешавем, моҳи марти соли ҷорӣ, дар як нишасти видеоӣ, президент Гурбангулӣ Бердимуҳаммадов ба шаҳрвандони кишвар тавсия дод, ки худро аз вирус бо роҳи қадимаи табиии халқӣ — дуди ҳазориспанд муҳофизат кунанд.
Мақомоти Туркманистон мегӯяд ягон мавриди сирояти нави коронавирус ба қайд гирифта нашудааст. Бо вуҷуди ин, дар кишвар низоми шадид риояи ниқоб ва як қатор маҳдудиятҳо дар фаъолияти корхонаҳои хизматрасонӣ, савдо ва нақлиёт ҷорӣ карда шуд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *