Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Дар шароити хона иммунизатсия накунед, вагарна…

Имрӯз дар толори Муассисаи давлатии «Маркази Ҷумҳуриявии Иммунопрофилактика» -и назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ҶТ  семинари омӯзишӣ   баргузор гашта истодааст. Семинарро муовини вазири тандурустӣ Камолзода Мирхамуддин оғоз намуда, намояндагони ВАО ва табибонро хайрамақдам гуфт. Мавзӯи семинар пешгирии бемориҳои ба воситаи ваксинаҳо идорашаванда мебошад, ки аз 15 то 26  майи соли ҷорӣ дар тамоми кишвар маъракаи иммунизатсия гузаронида мешавад.  Мақсад аз гузаронидани семинар корҳои  фаҳмондадиҳӣ дар байни аҳолии ҷумҳурӣ мебошад. Дар ин замина Шералӣ Раҳматуллоев сардори Раёсати ташкили хизматрасонии тиббӣ ба модару кӯдак ва танзими оила,  ВТ ва ХИАҶТ суханронӣ намуда, қайд карданд, дар шароити хона иммунизатсия  ниҳоят хавфнок буда, ба ҳаёти кӯдак зарари ҷиддӣ мерасонад.


Тибқи нақшаи семинар намояндагони ВАО  ба анбори миллии нигаҳдории ваксинаҳо ташриф оварда, аз тарзи нигоҳ доштани маводҳои мазкур  дидан менамоянд.
 
Маҳинаи Давлат

-->

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.