Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Даргузашти калонсолтарин зани Бадахшон

Холаи Қурбонсултони 105-сола, сокини деҳаи Боғеви Ҷамоати деҳоти Сучони ноҳияи Шуғнон ҳафтаи гузашта ҳастиро падруд гуфт. Вай соли 1915 дар деҳаи Бодоми водии Шоҳдара, ноҳияи феълии Роштқалъа дар оилаи Давлатмаҳмади заминдору чорводор ба дунё омад.
Соли 1933 дар синни 18 -солагӣ ба Ҳақназар ном ҷавон хонадор мешавад. Солҳои 30-уми қарни гузашта ба курси маҳви бесаводӣ шомил гардида хату савод омӯхт.
Шавҳараш дар шуъбаи корҳои дохилии шаҳри Хоруғ кор мекард. Зану шавҳар рӯзгорашонро пеш мебурданд, соҳиби 5 духтару як писар шуданд. Кадом як маризие омаду ҳам писари ягонааш -Худоназару ҳам завҷаи ӯ вафот карданд. Муддате нагузашта, духтараш Давлатсултон низ аз олам даргузашт. Ин зарбаи ҷонсӯзе буд барои холаи Қурбонсултон.
Зиндагӣ чӣ қадар пасту баландиҳо дорад. Танҳо инсонҳои соҳибирода ҳамаи онро паси сар мекунанд. Холаи Қурбонсултон наберааш Гулназарро ба камол расонида, хонадор кард ва то охири умр ҳамроҳи ӯ зист.
Ман соли 2017 ҳангоми дар ҳаёт будашан бо ӯ ҳамсуҳбат шуда, сири дарозумриашро пурсидам. “Шахс агар дар кӯдакӣ хӯрокҳои серғизо истеъмол кунад, баъди калоншавӣ кам бемор мешавад. Чун оилаи мо ҳам замин дошту ҳам чорвои беш рӯзгорамон хуб буд. Инчунин аз равған сар карда, то нон ҳамааш ҷойдорӣ буд. Он солҳо баробари гӯшт мо оши бурида ва ордбирёнро, ки ғизонокиашон хеле баланд аст, истеъмол мекардем. Баъдан ман аз ғайбату муноқишаҳою ҳангомаҷӯиҳо, ҳамдигарро паст задану суханҳои қабеҳ гуфтан ҳамеша парҳез мекардам. Мекӯшидам, ки асабҳоям ором бошанд” – гуфта буд, холаи Қурбонсултон.

Лутфишоҳи ДОДО,
ш.Хоруғ

-->

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.