Даргузашти профессор Салимбек Расулзода

Имрӯз баъд аз зӯҳр   доктори илмҳои беология, профессор, аъзо- кореспонденти АИМ ҶТ  Салимбек  Расулзода дар синни 69 солагӣ  аз олам даргузашт. Салимбек Расулзода яке аз олимони саршиноси соҳаи кишоварзӣ дар ҷумҳурӣ буд. Ӯ баъд аз хатми донишгоҳи кишоварзӣ фаъолияташро дар Институти физеология ва беологияи растаниҳо оғоз мекунад. Вай соли 1978 дар шаҳри Маскав рисолаи номзадиро дар мавзуи ба эътидол овардани ҳосилнокии пахта то фарорасии мавсими сармо ҳимоя мекунад ва дар Институти зикршудаи АИ ибтидо ба сифати ходими хурд ва баъдтар ходими асосӣ фаъолияташро оғоз мекунад. Соли 1992 Салимбек Расулзода дар шаҳри Макав рисолаи докториро дар мавзуи «Ба эътидол овардани нашъунамо ва ҳосилнокии пахта» ҳимоя мекунад.

Дар кӯтоҳтарин муддат ӯ ҳамчун мутахассиси пешоҳанги соҳаи пахтапарварӣ эътироф мегардад. Салимбек Расулзода ба сифати сармутахассис, мудири шӯъбари комплекси агросаноатӣ, мудири сектори илм ва технологияи нави Шӯрои Вазирони ҶТ, сардори шӯъбаи илм, маданият ва иҷтимоии ин сохтор , ҷонишини директори генералии ИИИ «Боғпарвар», таҳлилгар ва сарвари гурӯҳ дар лоиҳаи Барномаи СММ иҷрои вазифа мекунад. Солҳои охир фаъолияти ӯ ҳамчун мудири кафедраи пахтапарварӣ, генетика, селексия ва тухмипарварии Донишгоҳи аграрии Тоҷикистони ҷараен мегирад.

Профессор Салимбек Расулзода муаллифи беш  аз 230 асарҳои илмӣ мебошад. Ӯ соҳиби 5 шаҳодатномаи муаллифӣ барои ихтироот ва муаллифи навъҳои нави пахтаи «Зарафшон 1», «Ҳулбук», «РС-1» ва пахтаи рангаи «Рӯдакӣ» мебошад. Барои дастовардҳо дар соҳаи илм ва амалияи пахтапарварӣ ӯ сазовори чанин медалҳои тиллоии намоишгоҳҳо гаштааст.

Пахта кор ва зиндагии Салимбек Расулзода буд. Ҳатто замоне, ки бар асари як ғалати духтурон ӯ аз як пой маҳрум гашта буд, асо дар бағал худро майдони таҷрибавии пахтакорӣ мекашид. Марги ин олими нодир талафоти бузург дар илми тоҷик аст.

Фардо соати 8 дар назди хонааш маросими видоъ бо Салимбек Расулзода баргузор мегардад.

Шумо метавонед маълумоти бештар дар бораи ин олими фарзона дар ҳафтаномаи «Тоҷикистон» пайдо кунед.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *