Даромаду баромади «Колониализатсияи русӣ»

Дар замони шӯравӣ аз Вашингтон, Лондон, Мюнхен ва Пешовар  садои хиррии радиоҳои хориҷиро мешунидем,ки  мегуфтанд: «тамоми вазнинӣ ва муносибати  ғайриинсонии русҳо ба сари мардуми  Осиёи Марказӣ, кишвари дорои тамаддуни қадимӣ фурӯ рехтааст, ки онро  аҷнабиён аз шимол  овардаанд”. Ҳамчунин,  рақамҳои бузурги сарватҳои табиие, ки мустамликадорон ғорат карда буданд, дода мешуданд; аз ҷумла, марги  садҳо нафар дар зиндонҳо, нест кардани  ҳазорҳо ходимони фарҳангии маҳаллӣ; фоҷиаи миллионҳо тоҷикон, ӯзбекҳо, туркманҳо ва қирғизҳо, ки аз алифбои “худӣ”, яъне арабӣ  маҳрум шудаанд ва ғайраву  ва ҳоказо…

Кӣ қарздор аст ва кӣ абрешимпӯш?

Бояд иқрор шуд, ки  масъалаи муносибатҳо бо онҳое, ки дар миёнаи асри XIX ба Русия ҳамроҳ карда шудаанд, мавриди таваҷҷуҳ қарор дошт ва  ин муносибатҳо бо  қаламрави Осиёи Марказӣ мутахассисонро хеле пеш аз пайдоиши Садои Амрико ва ВВС ба ташвиш оварда буданд. Ҳанӯз  соли 1899 иқтисодчии рус А. Стеткевич ба савол муроҷиат карда буд: «Оё Туркистон барои Русия манфиатовар аст?» Вай мегуфт,ки  аз соли 1869 то 1898, давлат ба ин минтақа аз хазина  дар ҳаҷми  132 миллион рубл кумак кардааст, ки он дар он замон маблағи ҳангуфте буд. Ӯ хулоса мекунад, ки  ин сарзамин ҳанӯз ҳам барои империя бори гарон аст ва аз рӯи натиҷаҳои 28 соли таҷриба беманфиат аст.

Хароҷоти асосӣ дар қаламрави Туркистон (аз 61% то 76%) ин  нигоҳдории қӯшунҳоест, ки барои муқовимат бо  Бритониёи Кабир заруранд: дар солҳои 1878-1879 дар робита бо ҷанги Русияю Туркия, ки Англия Туркияро дастгирӣ мекард, қисми зиёди ин қӯшунҳо ба минтақаҳои Чорҷӯ ва оварда шуданд  ва дар моҳи апрели соли 1885, қӯшунҳои афғон таҳти роҳбарии афсарони Бритониё кӯшиши ба даст овардани минтақаи Кушка ва водии Серахсро дар Туркманистон карданд. Дар соли 1882 бошад, артиши Афғонистон бо дастгирии молиявӣ ва дипломатии Англия ба Бадахшон ҳамла овард. Бритониёи Кабир то соли 1905 дар ин минатқа бо Русия  душманӣ нишон дод ва  дар ҷанги солҳои 1904-1905 Японияро дастгирӣ кард.

Ҳукумати Русия барои сохтмони роҳи оҳани Транс-Каспий дар қумзор  ва даштҳои хушк аз Красноводск ба Тошканд ва баъдан шохаҳои он ба Термез ва водии Фарғона маблағҳои калон сарф кард. Дар аввали асри ХХ низ ин хароҷотҳо бароварда нашуда буданд.

Дар замони  пеш аз инқилоб  аз Осиёи Миёна танҳо маҳсулоти кишоварзӣ содир мешуд (пахта, меваҳои хушк, чарм ва ғайра). Ашёи хоми минералӣ танҳо барои эҳтиёҷоти дохилӣ истихроҷ карда мешуд: ангишт барои эҳтиёҷоти роҳи оҳани Транс-Каспий ва Осиёи Миёна ва киштиҳои баҳри Арал; равған — барои равшанӣ ва ғайра.

Касофати  “тиллои сафед”…

Рисолаҳое, ки дар таърихшиносии шӯравӣ мавҷуданд, дар бораи  Осиёи Миёна «кони бузурги пахта» барои Русия афсонае беш нест. Истеҳсоли пахта дар минтақа нақши назаррасро танҳо пас аз ҷорӣ шудани кишти пахтаи  «амрикоӣ» ё «мисрӣ» бозид. Зеро  кишти пахтаи маҳиннах, танҳо дар  охири асри XIX ривоҷ ёфт. Барои паҳн кардани ин навъҳо тухмиҳои пахтаи маҳиннах дар деҳаҳо ба деҳқонон ройгон тақсим карда мешуданд. Агар дар соли 1885 дар водии Фарғона танҳо 14% замини кишоварзӣ барои кишти пахта ҷудо карда шуда бошад, пас дар соли 1915 он 40% -ро ташкил мекард. Навъҳои маҳаллии пахта,(ки танҳо барои истеҳсоли матоъҳои маҳаллӣ — карбос мувофиқанд) тадриҷан ба навъҳои беҳтарини амрикоӣ иваз карда мешуданд. Аммо, дар маҷмӯъ, дар соли 1913 танҳо аз 15% то 20% майдонҳои Туркистон пахта буд.

Шароити мусоиди иқлимии Туркистон ва аввалин таҷрибаҳои бомуваффақият дар парвариши пахта имкон дод, ки навъҳои амрикоӣ ба таври васеъ ҷорӣ карда шаванд. Дар соли 1889 қариб дар тамоми майдони пахтаи Туркистон аллакай пахтаи амрикоӣ кошта шуда буд. Танҳо аз соли 1886 то 1890, майдони кишти он дар ин ҷо тақрибан панҷ маротиба зиёд шуд. Ин ба деҳқонони маҳаллӣ фоидаи калоне овард!

Кумаки бебаҳо ба Русия пас аз барқарор шудани ҳокимияти шӯравӣ дар  Русия идома ёфт. Қисми зиёди қаламрави кунунии Тоҷикистонро то соли 1917 Аморати Бухоро ташкил мекард. Моҳи сентябри соли 1920 дар ин ҷо  инқилобе ба вуқӯъ пайваст ва кишвар ба Ҷумҳурии Халқии Сотсиалистии Бухоро (ҶХСБ) табдил ёфт. Дар соли 1922 ҳукумати ҷумҳурии ҷавон як ҳайатро ба Маскав фиристод: дар гуфтугузорҳои ин ҳайат масъалаи  рушди робитаҳои иқтисодӣ бо ҶХСБ ҷойгоҳи асосӣ  дошт. Ҳайат аз ҳукумати Русияи Советӣ «дар бораи зарурати муҳофизати сарҳадҳои шарқии Бухоро бо истифода аз  артиши РСФСР» ва инчунин дар бораи фиристодани инструкторҳои ҳарбӣ ба Артиши Сурхи Бухоро ва бо аслиҳа ва таҷҳизоти ҳарбӣ таъмин намудани он  дархост кард. Дар натиҷаи гуфтушунидҳо, «Созишномаи муваққатии ҳарбӣ-сиёсии байни ҶХСБ ва РСФСР ба имзо расид, ки дар ташкили артиши замонавӣ мусоидат намуд.

Бо мақсади «пурра аз байн бурдани мустамликадорӣ дар  Бухоро, ки бо ташаббуси автократияи Русия оғоз ёфтааст», Русия ба қаламрави Бухоро тамоми қаламравҳои собиқ шаҳрҳои Русияро, ки  ҳуқуқи истихроҷ ро  доштанд, бахшид (Когон, Керки, Чорҷӯ, Термез); консессияҳои пешини Русия (роҳи оҳан, обёрӣ, истихроҷи маъдан); инчунин ҳамаи корхонаҳое, ки Русия дар аморат дар замони салтанати подшоҳӣ сохтааст, ба ихтиёри Бухоро вогузор шуд.  Аммо, ин маънои онро надошт, ки шаҳрвандони дар ин ҷойҳобудаи  Русия ихроҷ шаванд, балки русҳои этникӣ танҳо шиносномаҳои худро иваз карданд.

4 марти соли 1921 дар байни РСФСР ва ҶХСБ  шартномаи Иттифоқ ва созишномаҳои алоҳидаи иқтисодӣ ба имзо расиданд. Дар натиҷаи фаъолияти онҳо, дар нимаи соли 1921, тақрибан якуним миллион аршини истеҳсолӣ, тақрибан як миллион қуттӣ гӯгирд ва тақрибан даҳ ҳазор фунт керосин ба Бухоро ворид шуд. Ба Бухоро Русия ба маблағи панҷ миллиард рубл қарз дод. Даҳҳо духтурон ба ҷумҳурӣ омада, чандин тонна доруворӣ интиқол дода шуд. Бухоро аз Русия (ки  аҳолии худаш он вақт аз гуруснагӣ азият мекашид) кумаки яквақтаи ройгон ба маблағи 200 ҳазор фунт гандум фиристод. Гузашта аз ин, бо мақсади рушди истеҳсоли пахта нархи баланди харид барои он  муқаррар карда шуд, ки барои рушди иқтисодиёти ҷумҳурии Бухоро аҳамияти бузурги амалӣ дошт.

 Варианти Иттиҳоди Евразия

Пас аз як сол, байни ду кишвар як созишномаи нави иқтисодӣ ба имзо расид, ки онҳо ҶХСБ-ро ба қаламрави гумрукии Русия ворид намуд, ки боҷгирии байни кишварҳоро  истисно мекард. Ҳамзамон, барои рушди муносибатҳои тиҷоратӣ бо ҷаҳони беруна, ба Бухоро ҳуқуқ дода шуд, ки ба амалиётҳои содиротию воридотие, ки РСФСР дар хориҷа анҷом медиҳад, машғул шавад.

Вақте ки дар соли 1924 Ҳукумати ИҶШС қарор кард, ки ба рушди шаҳрҳои маҳаллӣ  кумак расонад, Ҷумҳурии Автономии Советии Сотсиалистии Тоҷикистон ба Ленинград, ки пойгоҳи аз ҳама рушдёфтаи саноатӣ ва иқтидори зеҳнӣ ва фарҳангии пурқувват дошт, вобаста карда  шуд. Аз он вақт, ҳамасола даҳҳо ҳазор коргарон ва муҳандисон, муаллимон, табибон, ронандагон ва халабонҳо аз пойтахти шимолӣ ба Тоҷикистон меомаданд. Соли 1925 аз ҷониби  ҳукумати марказӣ кумаки калон ҷудо карда шуд, ки андозаашон ба тамоми буҷаи кишвар баробар буд. Баъдтар, ҳаҷми ин кумак (албатта, ройгон) дар буҷети ҷумҳуриявии соли 1926 84%, дар соли 1927 — 92%, дар соли 1928 — 79% ва дар соли 1929 — 72% -ро ташкил додааст.

Барои он ки хонандаро бо рақамҳои бешумор азият надиҳем, ман танҳо марҳилаҳои асосии рушди Тоҷикистонро дар солҳои 1920-1930 номбар мекунам.

Ҳамин тавр, шуд, ки бисёре аз сокинони Тоҷикистон ҳавопайморо назар ба мошин пештар диданд. Соли 1925, пилотҳо Петр Комаров ва Рашидбек Ахриев дар тайёраи  Junkers F-13 аввалин парвози шаҳрвандиро дар масири Бухоро-Душанбе анҷом доданд.

Аввалин қатора ба Душанбе 1 сентябри соли 1929 омадааст: роҳи оҳани Термез-Душанбе аз ҷониби мутахассисони рус дар тӯли ду сол сохта шудааст. Ба шарофати он, алоқаи нақлиётии ҷумҳурӣ бо ҷаҳони хориҷӣ хеле  беҳтар шуд.

Дар соли 1928, танҳо 18 (!) автомобил тамоми нақлиёти автомобилии ҷумҳуриро ташкил медод. Гузаронидани «аспи оҳанӣ» дар роҳҳои мавҷуда қариб ғайриимкон буд. Тасмим гирифта шуд, ки роҳҳои нав сохта шавад  ва дар соли  1928, таҳти роҳбарии коршиносони рус, роҳи Душанбе — Қӯрғонтеппа — Кӯлоб сохта шуд. Дар баҳори соли ояндааш, сохтмони хати дуюми шоҳроҳи Душанбе-Кӯлоб тавассути Тутқавул оғоз ёфт. Бо кумаки мутахассисони рус алоқаи почта ва телеграф низ ба роҳ монда шуд. Агар дар соли 1925 дар республика факат якчанд идораи почта ва телеграф мавҷуд бошад, пас дар соли 1928 аллакай шумораи он ба  700 расид.

Сатҳи маълумотнокӣ дар соли 1929 дар кишвар ба 30% расид (дар муқоиса ба 3%-и соли 1920).

Аз сабаби маҳдуд будани саҳафоти  рӯзнома, ман ба ин ҷо даҳҳо ва садҳо далелҳо, рақамҳо ва фоизҳо намеорам.  Танҳо як чизро таъкид мекунам: онҳое, ки дар бораи «гузаштаи бузурги» Бухорои қадим гиря мекунанд, бояд ба гузаштаи ватани худ ҳамаҷониба ва беғаразона назар кунанд!

Виктор ДУБОВИЦКИЙ,

доктори илмҳои таърих,

 Душанбе

Тарҷимаи А. ҲОҶӢ

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *