Дарёи Душанбе ҳам хатарнок аст

Вазорати корҳои дохилии  Тоҷикистон иттилоъ медиҳад , ки  шоми 29 июл 11 нафар, ки дар дарёи Душанбе оббозӣ мекардаанд, миёни сел мондаанд.

Ба иттилои ин ниҳод, ин ҳодиса соати 19:30 дар наздикиҳои Комбинати гӯшт ба вуқӯъ пайваста, се нафар тавонистаанд бо қувваи худ аз об берун шавад: “Боқимонда 8 нафари дигар, ки дар вазъияти хатарнок қарор доштанд, аз ҷониби кормандони Вазорати корҳои дохилӣ ва Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон наҷот дода шуданд”.

Манбаъ меафзояд, Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилӣ ҳам ба ҷои ҳодиса омада, дар наҷот додани кӯдакон иштирок кардааст.

ВКД бо нашри ному насаби ин афрод гуфтааст, ҳамаи онҳо сокинони ноҳияи Фирдавсии пойтахт буда, аз 15 то 33-сола будаанд.

Дар ҳамин ҳол, дар давоми  ду руз шоҳроҳи Душанбе-Чаноқ низ аз сабаби омадни сел ва фаромадани ярч дар минтақаи Варзоб банд буд. Ярчфароӣ гузари  мошинҳоро ба ду самт мушкил намуда. ҳатто барои ба тамбашавӣ роҳ надодан БДА як муддат ҳаракатро дар ин роҳ манъ намуд.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.