Дастаи Тоҷикистон аз мусобиқаи байналмилалӣ ронда шуд

Дар қисмати нимафиналии мусобиқаи “Набардҳои танкӣ”-и Бозиҳои байналмилалии низомии АрМИ-2019 дастаи мунтахаби танкистҳои Тоҷикистон барои бархӯрд бо танки дастаи Уганда аз мусобиқот ронда шуд.

Ба гуфтаи Александр Перязев, сардовари Бозиҳои байналмилалии низомии АрМИ-2019, дастаи мунтахаби танкистҳои Тоҷикистон қабл аз бархӯрд бо танки дастаи Уганда ба чанд иштибоҳи ҷиддӣ роҳ дода буданд.

Ба ин далел дастаи доварони мусобиқот тасмим гирифтанд, дастаи мунтахаби Тоҷикистонро аз идомаи ширкат дар мусобиқот маҳрум кунанд.

“Сараввал, танкронҳои Тоҷикистон дар марҳилаҳои якуму дуюм натиҷаҳои хуб нишон дода ва ҳамаро дар ҳайрат гузоштанд. Аммо ҳангоми рақобат бо дастаи Уганда танки Тоҷикистон ба ҳаракати танки Уганда дар шоҳроҳ монеа эҷод кард. Дар натиҷа, танкҳо ба ҳам бархӯрданд. Ин ҳодиса дар наздики манори тамошобинҳо рух дод, ки метавонист ба ҳаёти одамон хатар эҷод кунад”-гуфтааст Перязев.

Бозиҳои байналмилалии низомии АрМИ-2019 3 август ҳамзамон дар 21 майдон ё полигон дар даҳ кишвар-Озарбойҷон, Арманистон, Белорус, Ҳиндустон, Эрон, Қазоқистон, Чин, Муғулистон, Ӯзбекистон ва Русия оғоз шуда ва то 17 август идома хоҳад ёфт.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *