Дастгиршавии муҳоҷири тоҷик бо рублҳои қалбакӣ

 Нисбат ба як шаҳрванди Тоҷикистон, додситонии Волгоград парвандаи ҷиноӣро ба додгоҳ фиристодааст. Номбурда дар муомилоти пули қалбакӣ муттаҳам дониста мешавад.

Мувофиқи маълумоти  Раёсати тафтишоти Волгоград, Ф.Норматов моҳи марти соли 2016 аз Самара ба ин шаҳр омада, аз мағозае пиво мехарад ва 5 ҳазор рубли русӣ медиҳад. Рӯзи гузашта ӯ ба Самара бармегардад, фурӯшанда мефаҳмад, ки ин пул тақаллубӣ аст.

Кормандони Раёсати мубориза бо ҷиноёти иқтисодӣ бо истифода аз сабтҳои дурбинҳои назорати шахсияти шаҳрванди Тоҷикистонро маълум ва ӯро мавриди ҷустуҷӯ қарор додаанд. Пулиси Самара хабар додааст, ки гумонбаршударо барои ҷинояти мушобеҳ дастгир намудааст ва додгоҳ нисбати вай айб эълон кардааст: “Дар Волгоград низ ӯро баррасии додгоҳӣ интизор аст. Дар сурати исботи гуноҳ вайро то 8 соли маҳрумият аз озодӣ таҳдид мекунад”.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *