Давлат Назриев вазифаи нав гирифт

Давлат Назриев консули генералии Тоҷикистон дар шаҳри Санкт-Петребурги Россия таъин шуд.

Вафо Ниятбеков, сардори Департаменти иттилоот, матбуот, таҳлил ва тарҳрезии Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон гуфт, ки Давлат Назриев дар шаҳри Санкт-Петребург ва Шамсиддин Зардӣ дар шаҳри Новосибирск дар мақомҳои консули генералӣ кор хоҳанд кард.

Ба гуфтаи Ниятбеков ин ниҳодҳои дипломатӣ дар ду шаҳри умдаи Россия аввали соли ҷорӣ ташкил шуданд ва Давлат Нарзиев ва Шамсиддин Зардӣ дар мақомҳои худ корро шурӯъ кардаанд. Вай гуфт, ин намояндагиҳо дар шаҳрҳои Санкт-Петербург ва Новосибирск соҳиби бино ва дигар лавозимоти зарурӣ хоҳанд шуд ва барои ҳамватанони мо расман хидмат хоҳанд кард. Ҳамин тариқ, Тоҷикистон чор консулгарии генералӣ дар шаҳрҳои Санкт-Петербург, Новосибирск, Уфа ва Екатеринбург дорад.

Давлат Назриев солҳои зиёд ҳамчун сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон  бо намояндагони васоити ахбори омма ҳамкории зиёч пайдо карда буд. Ҳамчунин, чанд соли охир дар сафорати Тоҷикистон дар Белорус фаъолияти дипломатӣ дошт.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *