Деҳқонбачае аз “Деҳқонбозор” 60 сола шуд

…Ӯро мисли ҳамешагӣ дар ҷои кораш дарёфтам, дар як гӯшаи бозори КВД “Бозори деҳқон”-и шаҳри Душанбе, дар утоқи корӣ. Мисли он, ки ҳанӯз ҳам дар Афғонистон аст, як лаҳза “пости” худро тарк намекунад.  Бале, ин  мард бисёр пастию баландиҳои зиндагиро паси сар кардаасту як умр дар хизмати мардум буд ва имрӯз ҳам рисолати худро дар он мебинад, номашро ба некӣ гиранд. Ҳоло порае аз суҳбати сарироҳии худро  бо Мастон Шарифов-муовини директори “Бозори деҳқон”,  дар рӯзе, ки синнаш ба 60 расидааст, манзуртаон мегардонем.

Мастон, имрӯз, ки шумо ба синни мубораки шаст даромадед, намехоҳем мавзӯи кору фаъолиятатонро меҳвари суҳбат қарор диҳем, зеро барои мо ҳоло муҳимаш зиндагоние, ки дар тӯли ин солҳо паси сар кардед, аҷиб аст…

-Зиндагии ман мисли ҳазорон нафари дигар, ки дар замони шӯравӣ таваллуд шудаю ба камол раисиданд, зиндагии одӣ буд…

-Магар аз муаллими одии деҳот то роҳбари дастгоҳи раиси пойтахт расидан, дар Қандаҳори Афғонистон борҳо зери борони тир мондан, дар Ватан  даст ба гиребон шудан бо боевикҳои белаҷоме, ки ҳар кореро мехостанд бо мардуми бесилоҳ анҷом медоданд, зиндагии одӣ гуфтан мумкин аст?

-Шояд гуфти Шумо дуруст бошад, аммо  дар тӯли ин солҳо боре ҳам нашудааст, ки аз он чизе, ки тақдир насибам кардааст, норозӣ шуда бошам. Ҳатто замоне, ки ман  бори аввал дипломи Донишгоҳи тарбияи ҷисмониро гирифтаму ба деҳаамон Негнот баргаштам ва он ҷо маро ба ҳайси муаллими тарбияи ҷисмонии  мактаб ба кор қабул накарданд (аввалин нафаре будам, ки чунин диплом доштам ва дар мактаб муттахассии ин соҳа набуд), аз касе хафа нашудам. Баръакс, ин иродаи маро дучанд кард ва роҳ пеш гирифтам ба шаҳре, ки дар он ҷо таҳсил карда будам. Аз Душанбе маро ба Қумсангир чун муаллими тарбия ҷисмонӣ равон карданд, эътироз накардам  Ин оғози фаъолияти меҳнатиам буд ва аллакай аз он  қариб панҷоҳ сол гузаштааст…

-Яъне, Шумо гуфтанӣ, ҳар кас тақдири худро худ месозад?

-Ба ин боварӣ дорам ва бояд  як чизи дигарро ҳам бигӯям, ки муҳит ҳам ба  тақдири инсон таъсиргузор аст. Ҳеҷ аз ёдам намеравад, замоне, ки ҳамдеҳагони номдорам Файзулло Ансорӣ, Ҷумъа Одина, ки ҳамсоягони мо буданд  ва боз чандин шахсони  дигари машҳур  ба деҳа барои дидорбинии наздикон ва истироҳат меомаданд,  мо бачаҳо аз болои девор мехостем як назар онҳоро бинем ва орзу мекардем, ки мисли ҳамонҳо шавем…

-Нав фаҳмидам, ки китоби хотираҳое, ки шумо навишта истодаед, таъсири ҳамин бузургон аст. Вале ба ҳар ҳол шумо аз “лирик” дида бештар “физик” шудед…

-Ин ҳам гардиши айём аст ва ман пас аз “физкултурник” шудан боз дар Донишгоҳи аграрӣ донишамро баланд кардаму дар Маскав курси махсусро хатм намудам ва сипас…

-Ба “Бозори деҳқон” омадед…

-Не, то “Бозори деҳқон” ҳоло роҳ тулонӣ буд. Дар зиндагии ман боз як саҳифаи дигаре ҳаст,ки ба ҳаёти минбаъдаам таъсиргузор буд. Ин ҳам хизмат дар Афғонистон ва он ҳам дар нуқтаи доғтарини он Қандаҳор. Дар ин ҷо ман воқеан ҳам мактаби мардонагӣ ва садоқатро омӯхтам.  Ин як гапи хушуку холӣ нест ва ин мактаб минбаъд дар зиндагии  ман таъсири амиқе гузоштааст…

-Албатта, ин саҳифаи рӯзгори шуморо аз ордени “Ситораи сурх”, медали “Барои мардонагӣ” ва боз чандин нишону ифтихорномаҳои ҳукумати он кишвар баҳогузорӣ кардан мумкин аст.  Аммо пас аз Афғонистон чӣ гуна он метавонист таъсиргузор бошад? Шояд шумо он лаҳзаеро дар назар доред, ки боевикҳо мошини як бечораро бо зӯр  гирифтанду ин мард ягона роҳи наҷоти моли худро дар муроҷиат намудан ба шумо дид, зеро ягон каси дигар ҷуръати бо онҳо сар ба сар шуданро надошт?

-(Механдад…) Ин як лаҳзае аз чунин ҳодисаҳост, ки он замон  ҳар рӯз рух медоданд, аммо ҷанги шаҳвандии бародаркуш дар кишвари мо низ ҳамаро бо ҳам душман кард. Он замон ман дар вазифаҳои масъул фаъолият доштам ва борҳо шудааст, ки барои халосии ҷони нафарони ба дасти ин ё  он гурӯҳ афтода бо онҳо муноқиша намоям ва ҳатто ҷонро ба хатар гузорам….

-Чунин лаҳзаҳоро шояд дар китоби хотираҳоятон хоҳем хонд?

-Насиб, вале ман ҳоло аз он хурсандам, ки мардуми мо дар як  давлати орому осуда умр ба сар мебаранд ва волоияти қонун таъмин аст. Ин хизмати Роҳбари давлатамон аст, ки бемаънигиҳои он солҳоро нест карданд ва мардуми мо нафаси озод кашид…

-Сабаби бо “Бозори деҳқон” омаданатон чист, ки онро нагуфтед?

-(Механдад…) Падари ман як умр деҳқон буданд, пас ҷои писари деҳқон куҷост? Албатта, “Бозори деҳқон”!

-Дар рӯзи мавлудашон ба  писари деҳқон на танҳо дар “Бозори деҳқон” балки дар ҳама ҷо ва дар ҳама ҷода муваффақияту бурдбориҳои мехоҳем.

(Гузориши муфассалро дар бораи фаъолияти имрӯзаи “Бозори деҳқон” ва нарху наво дар он дар шумораи навбатии ҳафтаномаи “Тоҷикистон” мутолиа намоед.)

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *