Деваштич. Нахустин гурӯҳи ихтиёриён барои хизмат ба Ватан сафарбар шуданд

Айни замон дар шаҳру навоҳии вилояти Суғд сафарбарнамоии ҷавонон ба сафи Қуваҳои мусаллаҳи кишвар идома дорад.

Тавре аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Деваштич иттилоъ доданд, дирӯз дар ноҳия аввалин гурӯҳи наваскарон барои хизмат ба Ватан сафарбар гардиданд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд дар маросими тантанавие, ки дар майдони назди муҷассамаи «Сарбози Ватан»-и маркази ноҳия бо гузоштани гулчамбар дар пояи муҷассама доир гардид, намояндагони мақомоти маҳаллии ноҳия, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, собиқадорони меҳнат, сарбозони қисмҳои низомии ноҳия ва волидони даъватшавандагон ширкат варзиданд. Дар ин рӯз барои хизмат дар артиши миллӣ 120 нафар аввалин ихтиёриён аз ҳамаи ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия сафарбар карда шуданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *