Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Додоҷони Атовуллоҳ лоиҳаи номуваффақашро қатъ кард

Додоҷони Атовуллоҳ яке аз мухолифони ҳукумати Тоҷикистон, ки ахиран аз ҷониби роҳбарияти кишвар мавриди авф қарор гирифт, зимни нашри як баёния фаъолияти Анҷумани нируҳои созандаи Тоҷикистонро қатъ кард.

Анҷумани мазкурро Додоҷони Атовуллоҳ бо мухолифини тоҷик, ки дар Аврупо ҳастанд таъсис дода буд. Ташкилкунандагон ин Анҷуманро гунаи дигари ИНОТ – Иттиҳоди нерӯҳои оппазитсионии Тоҷикистон, ки солҳои 90-ум фаъолият дошт арзёбӣ карда буданд. Замони ташкилшавии Анҷуман Сайфулло Сафаров, ки он замон муовини директории Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Тоҷикистон буд, иттиҳоди мухолифинро хатари азим ба Тоҷикистон гуфта буд.

Вале бо сабаби нофаҳмиҳои дохилӣ Анҷумани нерӯҳои созанда аз ибтидо фаъолияти дуруст надошт. Ин Анҷуман бо баргузории ду –се нишаст лоиҳаеро пиёда карда натавонист. Инро ба назар гирифта, худи Додоҷони Атовуллоҳ онро лоиҳаи номуваффақ хонд.
Дар зер Баёнияи Додоҷони Атовуллоҳро пешкаши шумо мегардонем.

Б А Ё Н И Я И
ФАВРӢ
Аз ҳамин рӯз иборатан Анҷумани нируҳои созандаи Тоҷикистон фаъолияти худро қатъ менамояд. Ман ин лоиҳаро номуваффақ ва нобарор мешуморам.
Аслан АНСТ идомаи эътилофе буд, ки мо бо ҳамроҳии Умаралӣ Қувватов — роҳбари “Гурӯҳи 24” таъсис дода будем. Танҳо баъди қатли шодравон номи ин иттиҳодия дигар шуду бас.

Анҷуман барои ҳамаи онҳое, ки рафтанд ё омаданд, як мактаби сиёсие буд, ки ҳар кас барои худ, умедворам, сабақа бардошт, дарсе гирифт. Дарси худшиносӣ, озодманишӣ, ворастагӣ.
Мо бо ҳасрат бо Анҷуман хайрбод мегӯем ва тамоми нируи худро барои ривоҷ ва шукуфоии “Ватандор” равона менамоем, ки санаи таваллудаш 13 феврали соли 2007 аст.
Ин ҳама солҳо “Ватандор” дар саҳнаи сиёсии Тоҷикистон буд, ҳаст ва мемонад.

Дарёи зиндагӣ гоҳ орому гоҳ тунд, гоҳ аз соҳил буруну гоҳ дар худ ғунуда равон аст. Ҳизбу гурӯҳ, ҳаракат ва ҷамъиятҳои сиёсӣ низ. Муҳим садоқат дар роҳ ва пайваста рафтан ва камол ёфтан аст.
“Ватандор” ҳамвора дар роҳ аст.
Бо ҳамон роҳнома ва бо ҳамон ҳамраҳон ва ҳампаймононе, ки ин ҳама солҳо паймон нашикастаанд ва хиёнат ба роҳро намешиносанд.
Раҳоварди “Ватандор” дар радифи ҳизбу созмонҳои дигари созанда таъмир ва такмили хонаи муштараки ҳамаи мост, ки Тоҷикистон ном дорад. Тоҷикистони орзуҳо. Тоҷикистони озод. Тоҷикистони озодагон.
Додоҷон Атовуллоев,
роҳбари ҳаракати мардумии “Ватандор”
Берлин
10.04.2020

-->

Шарҳ

2 шарҳ вуҷуд дорад
  1. Солеҳ 10.04.2020 16:19

    Ҷаноби оқои Атовулло! Шумо бигуед,ки кадом тарҳатон муваффақ буд,ки боз инаш бошад? Ба андешаи ман, худи тарҳи пайдоиши шумо-Ватандори беватан аз оғоз номуваффақ буд. Нав фаҳмидед?

    • Мухиддини Додо 10.04.2020 18:09

      Рост гуфти. Мин сад прасент тарафдор. Умаралия хам дар вактуш кидат карду имруз бошад бо хасрат ёд мекунад. Шарманда. Тибки баъзе овозахо Умаралия хамино худшон заказ кадагиянду имруз мусичаи бегунох мегиранд худшона. Ватандори беватан.

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.