Донишҷӯёни ДМТБ:  Аз ҳисоби донишҷӯён фестивалро баргузор кардем (Видео)

  Рӯзҳои 3-4 уми декабри соли равон дар Донишгоҳи миллии техникии Белоруссияи шаҳри Мински Федератсияи Русия фестивали санъати хӯрокпазӣ ва хизматрасонии корпоритивӣ таҳти унвони “Фуд-Шоу” баргузор гардид.  Дар ин фестивал донишҷӯёни донишгоҳи мазкур санъати хӯрокпазии миллии тоҷикӣ ва либосҳои миллии моро ба халқу миллатҳои дигар нишон доданд. Ташкилкунандагони ин ҷамъомад донишҷӯёни Донишгоҳи миллии техникии Белоруссия Шодрӯз Файзаков, Самандар Яқубов, Азизбек Довудов,  Наргис Халилова, Негматзода Наҷиба,  Аҳлиддин Зикров, Абдусамӣ, Бобоев, Ойбек Мараҳимов.

mahina

Самандар Яқубов донишҷӯи курси чоруми факултети меъморӣ  дар суҳбати  телефонӣ  ба хабарнигори сомонаи  “Tajikistan times”  чунин гуфт:

14

Фестивали имрӯзаи мо ба хотири тарғиби ғояҳои миллӣ, аз ҷумла, хӯрокҳои миллӣ, оши палав, орзуқ, самбӯса, кулча ва дигарон мебошад, ки онро ба марази тамошо гузоштем. Ҳамчунин як дег оши палав пӯхта,  ҳамаи меҳмонони фестивалро аз ин хӯроки миллии хеш чашонидем.  Фестивале, ки бо номи “ФУД-ШОУ” баргузор гардид, аз ҳисоби худи донишҷӯёни  тоҷики донишгоҳи мазкур ташкил карда шуд ва маблағгузориаш низ аз ҳисоби мо донишҷӯён буд. Бояд қайд намоям, ки ҳамаи иду ҷашнвораҳои кишварамонро мо тоҷикони дур аз Ватан дар байни донишҷӯён ба қадри имкон мегузаронем. Аз ҷумла, рӯзи 9 сентябр низ Истиқлолияти кишварамонро дар ин шаҳр бо тантана ҷашн гирифтем.  

toki 

Маҳинаи Давлат

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.