Ду гумонбарро дастгир карданд: ноутбук ва айнакро аз «Опел-Астра» дуздиданд

Вазорати корҳои дохил хабар дод, ки бо гумони дуздии як ноутбук ва айнак аз ҷониби кормандони милитсия ду ҷавони ноҳияи Б.Ғафуров, ки яке 15 ва дигаре 18-сол доранд, дастгир карда шуданд.

Гуфта мешавад, ки номбурдагон, рӯзи 11-уми июни соли 2021, тахминан соати 23:00, бо роҳи пинҳонӣ аз дохили автомашинаи тамғаи «Опел-Астра», ки ба марди 29-солаи сокини ҷамоати деҳоти Д.Холматови ноҳияи мазкур тааллуқ дорад, 1-адад ноутбук ва 1-адад айнаки мардонаро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд ва тибқи иттилои манбаъ зарари расонидашуда 12 ҳазору 560-сомониро ташкил медиҳад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *