Ду садамаи маргбор бо ду «Мерседес»

Вазорати корҳои дохилӣ аз ду садамаи маргбор дар ҷумҳурӣ хабар дод, ки 19 сентябр, тахминан соати 20:00 рух додаанд.

Тибқи иттилои ВКД, ронандаи “Мерседес-Бенс”, Саидов Воҳид, сокини 35-солаи шаҳри Бохтар, ҳангоми ҳаракат аз самти ноҳияи Панҷ ба самти ноҳияи Ҷ.Балхӣ дучархарони 22-соларо зер кардааст.

Дучархарон Маҳмадиев Фирӯз, зодаи соли 1998, сокини ҷамоати деҳоти Қумсангири ноҳияи Ҷайҳун, дар пайи ин садама ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.

Ронандаи автомашинаи тамғаи “Мерседес-Бенс”, Ахмедов Абдуназар, сокини 38-солаи ҷамоати деҳоти Кулқанди ноҳияи Исфара, ҳангоми ҳаракат бо кӯчаи Гулистони ҷамоати деҳоти мазкур бехатарии ҳаракати роҳро таъмин карда натавониста, пиёдагарди ноболиғ, Шокиров Диловарҷон Дилшодович, соли таваллудаш 2008, сокини ҷамоати деҳоти Кулқандро, ки аз тарафи чап ба тарафи рости роҳ мегузашт, пахш намудааст.

Манбаъ таъкид кард, ки дар натиҷа пиёдагард Шокиров ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *