Духтари дузд дастгир гардид

Ба мақомоти корҳои дохилӣ дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе бо ариза марди 23-солаи сокини кӯчаи Н.Қарабоев муроҷиат намудааст, ки рӯзи 15-уми январи соли 2019, тахминан соати 17:30-дақиқа, шахси номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз дохили автомашинаи шахсиаш тамғаи “Мерседес-Бенс”, ки дар назди бинои истиқоматиаш беназорат меистод, 16 ҳазору 680-сомониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.

Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия зани 19-солаи сокини кӯчаи Н.Қарабоев бо ҷурми дуздӣ дастгир гардида, аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

ВКД

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

3 шарҳ вуҷуд дорад

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *