Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Дуздӣ ва авбошӣ

Ба ШВКД  шаҳри Бохтар марди 30-солаи сокини шаҳри мазкур бо ариза муроҷиат намуда аз дуздида шудани компютерҳояш бо арзиши  31 ҳазор сомонӣ хабар додааст.

Тавре ВКД хабар медиҳад, шаби 15 ба 16-уми декабри соли 2019, тахминан соати 01:00, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ ба дукони компютериаш, воқеъ дар кӯчаи С.Айнии шаҳри Бохтар ворид шуда, аз он ҷо қисмҳои принтери калонҳаҷми тамғаи “Плотери Инфинити” ва асбобҳои компютериро дуздида, ба соҳибмулк дар ҳаҷми 31 ҳазору 40 сомонӣ зарари молӣ мерасонанд.

Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 22-солаи сокини шаҳри Бохтар ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуда, аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Дар ҳамин ҳол, рӯзи 31-уми декабри соли 2019, тахминан соати 18:30-дақиқа, марди 53-солаи сокини деҳаи Дашти Қозии шаҳри Панҷакент бо гумони қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ дастгир карда шуд.

Тавре мақомоти милитсия хабар медиҳад марди 53 соло дар манзили истиқоматиаш нӯшокиҳои спиртӣ истеъмол намуда, аз сабаби муноқишаи ба миён омада бо ҳамдеҳааш марди 42-сола, ҷангу ҷанҷол карда, бо дасту пойҳояш ва аъзои баданаш якчанд маротиба задааст.

Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.

Нисбати номбурда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 110 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.