Эмомалӣ Раҳмон дар ВМБК: 120 иншооти ҷашниро мавриди баҳрабардорӣ қарор медиҳад

Сафари кории Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳру навоҳии вилояти Бадахшон аз ду то се рӯз идома меёбад ва дар ҷараёни он сарвари давлат ба оғози фаъолияти чанд иншоот асос хоҳад гузошт.

Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон бо як сафари корӣ ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон рафт.

Бино ба иттилои  котиботи президент, сафари худро  Президенти кишвар ба Бадахшон, нахуст аз ноҳияи Дарвоз оғоз кар.

Ба иттилои манбаъ, Эмомалӣ Раҳмон дар ин ноҳия бинои маркази адлия ва майдончаи варзиширо боз кард.

Дар идомаи боздид Президенти кишвар  ба 100 нафар кӯдаки ятим ва маъюб аз ноҳияҳои Дарвоз ва Ванҷ тӯҳфаҳо иборат аз сару либос, шириниҳо, ашёи хониш ва кӯмаки молиявӣ тақдим кардааст.

Қаблан сухангӯи раиси вилояти Бадахшон , Ғолиб Ниятбеков ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, Эмомалӣ Раҳмон тақрибан 120 иншооти ҷашнии муҳими давлатию ҷамъиятиро мавриди баҳрабардорӣ қарор медиҳад.

«Ба истифода додани 10 иншооти муҳим дар ноҳияи Роштқалъа, 3 иншоот дар ноҳияи Шуғнон ва чандтои дигар дар маркази вилоят, шаҳри Хоруғ ба нақша гирифта шудааст», — тавзеҳ дод Ниятбеков.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *