Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Facebook аз ҳукумати Чин узр пурсид

Ширкати бонуфузи Facebook барои хатои техникӣ ва норӯшан тарҷума кардани ном ва матлаби Си Ҷинпин ба забони англисӣ аз ҳукумати Чин узр хост, хабар медиҳад Reuters.

Манбаъ хабар медиҳад, ки иштибоҳи мазкур ҳангоми сафари кории роҳбари Чин ба Миянма, ки аз натиҷаи боздидаш аз ин кишвар дар саҳифаи Фейсбукии худ матлаби хурдеро нашр карда буд, ба вуҷуд омадааст.

Гуфта мешавад, ки ҳангоми тарҷумаи матни Си Ҷинпин тариқи пойгоҳи луғавии “Бирма” аз забони чинӣ ба забони англисӣ мафҳумҳои нофаҳмо ва калимаҳои дағал тарҷума шудаанд, ки боиси нигаронии мардуми Чин гардидааст. Ҳатто таҷумаи бесарунуги матни фейсбукии раисҷумҳури Чин дар баъзе аз нашрияҳои англисӣ низ нашр гардидааст.

Ширкат гуфтааст, ки номи Си Ҷинпин дар пойгоҳи луғати “Бирма” мавҷуд набуд ба ҳамин хотир система онро нодуруст тарҷума кардааст.

Facebook қаблан низ бо тарҷума аз системаи “Бирма” мушкил дошт. Масалан чанд сол пеш меъмори фаластинӣ дар пушти трактор бо забони арабӣ субҳ ба хайр навишта дар фейсбук мегузорад, аммо систамаи “Бирма”-и фейсбук матнро “Даъват ба ҷанг” тарҷума мекунад, ки бо иси боздошти меъмор аз тарафи полиси Исроил мегардад.

Дар ҳоли ҳозир намояндагони Фейсбук гуфтанд, ки ин хатои техникӣ аллакай рафъ шудааст ва ваъда додаанд, ки барои такрор наёфтани чунин иштибоҳ тамоми чораҳои заруриро меандешанд.

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.