Гӯшт аз сигор ҳам хавфноктар аст

Таҷрибаи мӯҳлати дуру дароз доир намудаи олимон исбот кард, ки истифодаи аз меъёр зиёди гӯшти ҳайвонот ба саломатии инсон зарар дорад: баъди 50 – солагӣ беҳтараш аз истеъмоли бифштекс даст кашед, навиштааст Силвия Бенчивелли дар мақолаи худ, ки дар рӯзномаи “Lf Repubblica” ба табъ расидааст.

“Дар синну соли муайян истеъмоли зиёли гӯшт ҳамон қадар зараре дорад, ки инсон аз сигоркашӣ мебинад: яъне эҳтимолияти зиёд шудани гирифторӣ ба бемории саратон ҷой дорад.

Сафедаҳои ҳайвон ба бадшавии вазъи саломатӣ оварда мерасонад. Инро тадқиқоте низ исбот кард, ки натиҷаи он дар маҷҷаллаи илмии  “Cell Metabolism” чоп шудааст. Ин татқиқотро олимони амрикоӣ ва итолиёвӣ доир намуданд, ки дар он зиёда аз 6 ҳазор нафар ашхоси аз 50 — сола боло иштирок намуданд”- навиштааст муаллифи мақола.

“ Иштирокчиёни тадқиқотро 18 сол мушоҳида карданд. Гурӯҳ ба се навъ ҷудо шуда буд: истифодабарандагони сатҳи паст, миёна ва баланди сафедаҳо ( барои ин ғизонокии ҳаррӯзаи онҳо, ки аз бифштекс ва панир иборат буд, чен карда шуд). Қайд карда шуд, ки дар ашхоси “гӯштдӯстор” хатари ба бемории саратон гирифтор шудан, назар ба онҳое, ки онро камтар истеъмол мекунанд, чор маротиба зиёд аст. Айнан ҳамин гуна хатар барои онҳое, низ ҷой дорад, ки дар як рӯз як қуттӣ сигор мекашанд ва ашхоси аз сигор худдорӣ карда аз ин хатар эминанд. Ғайр аз ин, сатҳи муриши ашхоси “ гӯштдӯстдор” назар ба онҳое, ки онро аз рӯйи меъёр мехӯранд, 75 % зиёд будааст”.- таъкид кардааст муаллиф дар мақолаи худ.

Бознашр аз ҳафтаномаи “Дунё”

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *