Гӯшти муғул, кай онро мехӯрем?

“Э вой, як кило гӯшт ба 60 сомонӣ дакка зад”, “Як халта орд  наздикӣ 250 сомонӣ мешудааст…”

Ин овозаю дарвозаҳо дигар он қадар таъсире надоранд, зеро мардум ба он одат кардаанд ва медонанд, ки “занакои лаби об” аз расонаҳои мо дида, ҳақгӯйтар ва оперативитаранд ва ҳар чӣ гуфтанд, мешавад.

Аммо гап сари он аст, ки чунин ҳолат касеро ба ҷуз Президенти кишвар ба ташвиш меоварда бошад? Ба наздикӣ маҳз бо ташаббус ва супориши ӯ тасмими аз Беларус овардани 300 тонна гӯшт хабар дода шуд. Аммо кӣ боварӣ дорад, ки ин гӯшти беларусӣ ба пештахтаи қассобон бо нархи арзонтар мебарояд?

Масъулони соҳаи савдои берунӣ? Бовар надорам, зеро агар онҳо воқеан ҳам ҷонибдори арзонию фаровонии бозорҳо мешуданд, кайҳо бо Муғулистони “фарбеҳ” (хосса вақте ки ин кишвар бо мо муносибати хуб дорад ва роҳи оҳан ҳам то он ҷо ҳаст) тамос гирифта,  масъалаи камбуди гӯштро ҳал мекарданд.

Дар ин кишвари  3 — миллионнафара зиёда аз 60 миллион сар  чорво дорад. Баъд аз тақсим шудани чарогоҳҳо байни пулдорон гумон аст, ки саршумори чорво дар кишвари мо зиёд шавад. Зеро имрӯз, ки аксари  чарогоҳҳо “моли Хоҷа Аҳрори Валӣ” шудаанд, мардуми одӣ наметавонанд чорвои худро дар кӯҳу пушта чаронанд ва дар ин бора шикоятҳо зиёданд.  

Ҳатто Эрони исломӣ ҳам ба таври доимӣ аз Муғулистон  гӯшти арзон мехарад. Тасаввур кунед, як кило гӯшт дар зодгоҳи Чингизхон ҳамагӣ 9000 тугрик (пули муғулӣ)  ё 200 рубли русӣ ва ниҳоят, каме бештар аз 30 сомонӣ аст. То Душанбе бо хароҷоти роҳаш, (роҳи оҳан аз ҳама арзотарин намуди нақлиёт аст)  шояд 35 сомонӣ афтад.

Он гоҳ мо соҳиби гӯшти арзон хоҳем шуд, вале ин корро кӣ бояд кунад? Наход боз  ниҳодҳои давлатӣ беҳаракат истанду интизор шаванд, ки Роҳбари давлат сари ин масъала супориши махсус медиҳад?

Абдумудассир  Аҳмадзода,

рӯзноманигор

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *