Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Генерал Вотел аз Душанбе чӣ мехоҳад?

 

Дирӯз дар канори фурудгоҳи  пойтахти Тоқикистон  тайёраи нақлиётии ҳарбии  амрикоиро дидан мумкин буд. Ин тайёра генерали амрикоӣ  Ҷозеф Л. Вотел, фармондеҳи фармондеҳии марказии Қувваҳои мусаллаҳи Амрикоро ба ин ҷо оварда буд. Одатан агар Амрико дар ягон нуқтаи  айни замон барояш муҳимми стратегӣ тағйироте ворид кардан хоҳад, генералҳои баландпояи худро ба он  ҷо мефиристад. Генерал Вотел шояд ин дафъа низ бо ягон миссияи муҳиме   ба Осиёи Марказӣ омада бошад. Зеро Амрико бори дигар баъд аз ҳаводиси Оқтеппа дарк намуд, ки ин минтақа низ, тавре ки дар назари аввал менамояд, он қадар ором нест. Генерали амрикоӣ дар Душанбе бо Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон вохӯрда, оид ба бисёр масъалаҳои амниятӣ суҳбат намуданд. Дафтари матбуоти президент иттилоъ  медиҳад , ки  “ҷониби Тоҷикистон ҳамкории худро бо Амрико дар ҷодаи амниятӣ омили муҳими нигоҳдориву таҳкими сулҳу субот дар минтақа бахусус,  дар Афғонистон арзёбӣ намуда, таъкид медорад, ки ин масоил дар доираи муносибатҳои дуҷонибаи кишварҳоямон ҷойгаҳи хосаи худро дорад”.

Ба иттилои манбаъ, генерали амрикоӣ ба саҳми Тоҷикистон дар мубориза алайҳи хатару таҳдидҳои ҷаҳони муосир, аз қабили терроризму экстремизми байналмилалӣ ва таъмини амнияту суботи минтақавӣ баҳои баланд додааст. Ҷозеф Л. Вотел, сатҳу сифати ҳамкориҳои ду кишварро  ҷавобгӯи манфиатҳои тарафайн дониста, рушди бемайлони онҳо минбаъд барои таҳкими бештари иқтидори марзбонии Тоҷикистон дар сарҳади давлатӣ бо Афғонистон мусоидат менамояд. Тавре иттилоъ дода мешавад, ҷонибҳо ҳамчунин доир ба масоили дигари мавриди таваҷҷуҳ, аз ҷумла таҳкими ҳамкорӣ дар доираи Барномаи кумаки байналмилалии молиявии Штатҳои Муттаҳидаи Америка, ҳамгироии муштарак дар бунёд ва ҷиҳозонидани инфрасохтори муосири сарҳадбонии Тоҷикистон, тайёр кардани мутахассисони баландихтисоси низомӣ барои Қувваҳои Мусаллаҳ ва зиёд кардани иқтидору зарфияти воҳидҳои амниятию зиддитеррористӣ табодули афкор намудаанд. Албатта, чунин суханон  дар ҳамагуна вохӯриҳо садо медиҳанд ва баёнгари  ҳолати зоҳирии вохӯриҳо мебошанд. Вале, тавре  ки ҳама медонанд, дар паси пардаи ҳар  вохӯрӣ боз ҳадафҳои дигареро  низ  пинҳон кардан   мумкин аст, ки барои гӯшҳои беруна нестанд.  Хусусан  намояндагони кишварҳои абарқудрат, чи Амрико ва  чи Русия дар рафти чунин вохӯриҳо бо кишварҳои хурд  мехоҳанд то ҳадди имкон аз таъсири худ истифода карда, онҳоро ҳадди аққал ҷонибдори худ сари ин ё он масъалаи муҳими сиёсию стратегӣ  гардонанд.  Ба қавли русҳо, дар ин ҳолатҳо  онҳо аз  сиёсати “қамчин ва кулчақанд” (кнут и пряник) истифода мекунанд.Айни замон, мизони кӯмакҳои Департаменти давлатии ИМА барои соли 2017 дар ОМ  афзоиш меёбад. Аз ҷумла, барои Қирғизистон 51,8 миллион доллар (39 % бештар), барои Тоҷикистон 41,6 миллион доллар (44 дар сад бештар назар ба соли гузашта), 11,6 миллион доллар барои Ӯзбакистон (9 % бештар), барои Қазоқистон – 8,8 миллион доллар (5 % бештар) ва барои Туркманистон 4,8 миллион доллар (43 % бештар) пешниҳод шудааст.Амрико ҳаргиз як сентро бе ҳадаф намедиҳад ва ҳамеша аз рӯи масали “Себамро хӯрдӣ, ғозашро деҳ” амал мекунад.  Маълум нест, ки дар ин сафари худ генерал Ҷозеф Л. Вотел аз кадоме  ин воситаҳо кор гирифтааст ва ҳадафи аслии ин сафар чӣ буд, аммо беҳтар мебуд, агар ба Тоҷикистон ба ҷои генералҳои русу амрикоӣ бештар тоҷирону соҳибкорони ин кишварҳо  сафар мекарданд, он гоҳ хоби  шаҳрвандон осудатар мебуд…

А. АҲМАДЗОДА,

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.