Гиёҳчой боиси болидарӯҳӣ ва зебогии бонувон

Ҳар як бону мехоҳад, ки ҳамеша ҷавону дилкаш бимонад ва  табъи хушу болида ҳамнафасаш бошад.  Баҳри иҷрои ин хостаи бонувон дар табиат растаниҳо ва алафҳои шифоӣ хеле зиёд  мерӯянд, ки метавон аз онҳо истифода бурд.

Насрин-чой

Як қошуқи калон аз насрини кӯфташударо ба як истакони оби ҷӯшида андозед. 15дақиқа пас чойро нӯшед. Ин чой барои рафъи сарчархзанӣ, асабонияти давраи қатъи ҳайз, бемории ҳайз муфид аст. Беҳтараш, чойи насринро дар термос дам кунед.

Чой аз барги тамашк ва марминҷон

Як қошуқ барги хушки марминҷон ва тамашкро дар истакон андохта, аз болояш оби ҷӯшидаро резед. Пас аз 20 дақиқа метавонед онро нӯшед. Ин чойро бо асал ё қанд бояд истеъмол кард. Чойи аз барги марминҷон ва тамашк омодашуда сатҳи ҳормон ва қандро дар хун танзим ва моддаҳои заҳрдорро дар буняи инсон нобуд месозад. Табъро хуш намуда, зебоӣ ва солимии бонувонро кафолат медиҳад.

Чой бар зидди ошуфтаҳолӣ (депрессия)

Ин чой барои он бонувоне, ки ҳамеша табъашон хира ва ошуфтаҳол мебошанд, давост. Барои омода намудани ин чой чӣ лозим аст? Бобуна, дӯлона ва чойкаҳакро баробар мегиред ва бо ҳам  меомезед. Як қошуқча аз он гирифта, ба истакон меандозед ва аз болояш оби ҷӯшидаистодаро мерезед. Пас аз 20 дақиқа аз чойи тайёршуда як қулт – як қулт, оҳиста – оҳиста менӯшед.

Чой барои духтарони ҷавон

Қаҳролудӣ ё хашмгинӣ, беиштиҳо шудан ва низоъҳои бемаънию беасос, ки боиси асабоният шудан мегардад, дар синни ба воя расидани духтарони наврас зиёд мушоҳида мешавад. Аз ин лиҳоз, модаронро мебояд ба саломатии духтарон дар ин давра бештар аҳамият диҳанд. Чой аз гиёҳҳо барои барқароркунии асабҳо дар ин синну сол муфид аст. Барои омода кардани чойи алафин решаи қоқу, газна ва наъно лозим мебошад. Решаи қоқуро дар тафдон каме бирён карда, дар қаҳвамолак онро орд менамоем, баъд гиёҳҳои майдакӯфтаамонро ба он илова мекунем. Як қошуқ аз он ба термос андохта, аз болояш оби ҷӯшидаистодаро мерезем. Баъди 2–3 соат метавон аз он истеъмол намуд. Давраи табобат 3 ҳафта буда, дар давоми он набояд чойи сиёҳро нӯшид.

Чой аз барги қулфинай

Дар бораи истеъмоли ин намуди чой ҳатто Вазорати тандурустии Полша пас аз ҷанг ва баъди ҷанг ба аҳолии кишвараш тавсия намуда буд. Пас аз ҷанг ба хотири барқарор намудани саломатии миллат дар тамоми намудҳои чой барги хушки қулфинайро илова мекарданд ва дар мағозаҳо ба фурӯш мегузоштанд. Чой аз барги қулфинай ҳолати ҳормонҳоро ба танзим оварда, махсусан барои занҳо хеле фоиданок мебошад. Онро метавон дар алоҳидагӣ чой кард ё бо дигар намуди чой илова намуда, истеъмол намуд.

Чой аз пудина

Чой аз барги пудина таскинбахш буда, тартиби кори асабҳоро барқарор мекунад. Зардаҷӯшии меъда, стресс, бӯи бади даҳонро бартараф карда, зеҳнро қавӣ менамояд. Хоби орому бароҳатро шумо аз нӯшидани чойи пудинагӣ меёбед. Як қошуқ барги хушки пудинаро дар истакон андохта, аз болояш оби ҷӯшида резед. Баъди 15 – 20 дақиқа метавонед онро нӯшед. Чойи пудинагиро бо асал ё пораи лимӯ нӯшед, хеле форам аст.

Таҳияи Маҳина

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *