Гурез! Облава омад! Чаро ҷавонон аз хизмати ҳарбӣ сарпечӣ мекунанд?

Аксарият зулми рутбадорон, дедовшина, тарс, шароити вазнин, набудани имтиёз ва монанди инҳоро сабаби саркашии ҷавонон аз хизмати ҳарбӣ арзёбӣ мекунанд.

Ҷавононе, ки ба синни 18 расидаанд ва нафароне, ки ҳуқуқи озодшавӣ аз хизмати сарбозиро надоранд, ба хизмати ҳарбӣ даъват мегарданд. Бо пахши ин хабар шурӯъ аз 1 — уми апрел дар Тоҷикистон барномаи даъвати баҳорӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар оғоз гардид. Чун анъана он то 31 — уми май идома хоҳад ёфт.

Тибқи иттилои мавҷуда дар аввали моҳи апрел то анҷоми май сарбозоне, ки муҳлати хизматашон анҷом ёфтааст, ба хона фиристода мешаванд. Ҳамасола 15-16 ҳазор нафар ҷавон дар Тоҷикистон, ки синнашон аз 18 то 27 аст, ба хизмати ҳарбӣ мераванд.

Бар асоси маълумоти расмӣ шумораи ҷавонони синни даъват дар кишвар наздик ба 600 ҳазор нафар аст. Зимнан, 150 ҳазор нафари онҳо бо сабаби корношоямӣ аз хизмати сарбозӣ озод шудаанд ё лоиқи хизмат кардан нестанд.

Бояд қайд кард, ки дар ҳифзи марзи кишвар ҳар як ҷавон бояд дар сафи Артиши миллӣ хизмат кунад. Вале чӣ боис гардидааст, ки имрӯз теъдоди ками ҷавонон бо хоҳиши худ ба хизмат мераванду маъракаи “облава” домани васеъ паҳн кардааст? Як назарсанҷии кӯтоҳи мо ин андешаро исбот кард. Аз миёни он нафароне, ки оид ба ин мавзӯъ пурсон шудем,  аксарият зулми рутбадорон, тарс, шароити вазнин ва монанди инҳоро сабаби саркашӣ аз хизмати ҳарбӣ арзёбь мекунанд.

Ибодуллоҳ Одинаи Мафтун,

шоир:

-Ба андешаи ман, бархе аз ҷавонон ба хотири рӯ овардан ба муҳоҷирати меҳнатӣ аз хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ саркашӣ менамоянд. Ман худ шоҳиди ҳол ҳастам ва инро аз чанд ҷавонписар ҳам шунида будам, ки мегуфтанд: «Аз оне, ки 2 сол рафта дар аскарӣ хизмат мекунам, беҳтараш, ки ба Русия рафта, ду сол кор карда омада, зан мегираму чанд камбудии хонаро ислоҳ мекунам».

Аъзамҷон Мухторов,

донишҷӯ:

-Набудани шароити хуб дар хизмати ҳарбӣ ва ҳоло ҳам ба талабот ҷавобгуй набудани қисмҳои низомӣ, инчунин муҳлати дарози хизмат сабаби саркашии ҷавонон аз хизмати ҳарбӣ аст.

Хушрӯзи Ҷамолиён

фаъоли facebook:

-Омили асосии саркашии ҷавонон шиканҷа аст. Иҷборан ба хизмати ҳарбӣ бурдани ҷавонон аллакай оғози шиканҷа ба сарбозон ба ҳисоб меравад. Барои он ки ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ раванд, бояд  аз имтиёз бархӯрдор бошанд. Пешниҳод мекунам, ки бояд ба сарбозон  маош таъин шавад, то онҳое, ки аз Русия депорт шудаанд, биёянду хизмат кунанд ва ҳам рӯзгорашонро пеш баранд. Ҳамчунин,  ҳамкории қисмҳои низомиро бо ВАО зарур медонам. Бояд барномаҳое таҳия шаванд, ки  ҳаёти воқеии сарбозон дар онҳо инъикос ёбад.

Сомон Исломов

донишҷӯ:

-Кӣ мехоҳад, ки 2 соли ҳаёташро беҳуда гузаронад? Илова бар ин баъди шикоятҳои зиёди нафарони аз хизмат ҷавобшуда. Бачаҳои хизматкардагӣ ин қадар воҳима мекунанд, ки баъди шунидан тамоман ҳавсалаи рафтанат пир мешавад.

Аминҷон Раҳматзода, донишҷӯ, муҳассили кафедраи ҳарбӣ:

  -Ҷавонон тарс аз он доранд, ки дар хизмати ҳарбӣ онҳоро мезананд. Ҳамчунин, хӯрокҳои бекалория медиҳанд. Ҳамин сабаб мешавад, ки ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ намераванд.

Нилуфари Рӯзиқул

сокини шаҳри Турсунзода:

-Яке аз сабабҳои асосии саркашии ҷавонон латукӯби наваскарон мебошад, ки дар ин маврид расонаҳо бисёр мегӯянд. Борҳо шоҳиди шикояти наваскарон ва волидонашон аз “дед”-ҳо шудаем. Аксарият пас аз хизмат шикоят мекунанд, ки аз ҷониби «дембел» — ҳо латукӯб мегаштанд. Аз нақли онҳо дигар ҷавонписарон ба тарс афтода, аз хизмати ҳарбӣ рӯ мегардонанд.

Лашкар Шарифзода,

таҳлилгар:

-Тайи солҳои охир бо далели беҳтар шудани шароит дар қисмҳои низомӣ теъдоди ҷавонписарони ихтиёрии синни даъватӣ ба хизмати ҳарбӣ бештар шудааст. Хизмати ҳарбӣ тибқи Конститутсия ҳатмӣ мебошад. Мутаассифона, ҳолатҳои саркашӣ аз ин талаботи қонун гоҳо ба назар мерасад. Ин аз масъулияти пасти баъзе волидон ва худи ҷавонон дарак медиҳад. Ҳар як нафари мо бояд дарк намоем, ки сабаби ин ҳама тинҷиву осудагӣ хоби бароҳати шабҳои мо хизмати сарбозону афсароне ҳастанд, ки дар сарҳади давлатӣ шабзиндадорӣ мекашанд. Онҳо ҳам писар, шавҳар, падар ва ёру бародари касе ҳастанд. Пас ҳар як оила, агар фикри зиндагии осуда ва амнияти давлатро хоҳад, бояд писарашро ба хизмат фиристанд. Шарм аст, вақте баъзе волидон писарони худро аз хизмат гурезонда, пинҳон мекунанд.  

Саидэҳсони Ҷалолиён,

рӯзноманигор:

-Воҳимаҳо аз вазъи нохуби қисмҳои низомӣ, худкушиву фавти хизматчиёни ҳарбӣ ва бозтоби он дар расонаҳо, муҳлати дурудароз, фароҳам нашудани имтиёзу шароити беҳтари кор дар идораҳо ва муҳлати дароз хидмат кардан боиси гурези даъватшавандаҳо ба хизмат мегардад.

ДАР ОМАДИ ГАП:

Чанде қабл муовини вазири адлияи кишвар Абдуманнон Холиқов хабар дод, ки ба хотири аз байн бурдани “облава” муҳлати хизмати ҳарбӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 1, 5 сол мешавад. Ҷаноби Холиқов дар суҳбат бо рӯзноманигорон гуфт, ки лоиҳаи қонун дар бораи поён бурдани муҳлати артиш ба парлумони кишвар пешниҳод шудааст.

Мирсаид Сатториён

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *