Хирс и гурусна . Ҳамла ба сокинони маҳалҳо

Хирс ду касро захмӣ кард: якеро шикам дариду дигареро сараш…

Дар ноҳияи Ванҷи вилояти Бадахшон хирс дар натиҷаи ҳамал ду касро захмӣ намуд. Масъулони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода гуфтанд, ки ҳодиса 19-уми октябр дар ҷангали деҳаи Ғумаст рӯй дод.

Ба гуфтаи манбаъ, субҳи он рӯз хирс ба сокинони 14 ва 48-солаи деҳаи Вишхарв, ки ба ҷамъоварии ҳезум машғул буданд, ҳамла карда, онҳоро сахт захмӣ намудааст.

Шоҳидони ҳол мегӯянд, ки  вазъи ҷабрдидаҳо риқатовар аст, яке аз шикам ва дигаре аз сараш ҷароҳат бардоштааcт. Ҳардуро бо ҷароҳатҳои гуногун дар бемористон хобондаанд.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ба сокинон ҳушдор додааст, ки дар фасли тирамоҳ аз ҳамлаи хирсҳо эҳтиёт кунанд. “Зеро дар ин мавсим хирсҳо фаъол мешаванд ва метавонанд, барои захираи зимистон ба маҳалли зисти сокинон наздик шаванд”, — иброз намудаанд дар кумита.

Чунин ҳамлаҳои ногаҳонии хирсҳо ба сокинони минтақаҳои гуногуни кӯҳистонии Тоҷикистон дар гузашта низ ба мушоҳида расидааст.

Ҷонварони ваҳшӣ, хусусан гургу шағолон, чанд дафъа ба сокинон дар Бадахшон ва гӯшаҳои дигари Тоҷикистон ҳамла карда, чанд касро ба ҳалокат расонидаанд.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.