Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Хонандаи мактаб 69 000 сомониро дуздид

Як хонандаи мактаби пойтахт бо гумони рабудани маблағи калон ва ҳуҷҷатҳои ронандагӣ дастгир гардид.

Тавре дафтари матбуоти Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ба ШВКД-2 дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе бо ариза марди 38-солаи сокини кӯчаи Ободкорони пойтахт муроҷиат намудааст.

5-уми ноябри соли 2019 шахси номаълум бо роҳи пинҳонӣ ба хонаи истиқоматиаш даромада, аз дохили сандуқи чӯбин 2 ҳазору 900 доллар, 30 ҳазор сомонӣ, 70 ҳазор рубл, ҳуҷҷатҳои ронандагӣ, 2-адад шиносномаи миллӣ ва хориҷиро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб мезанад. 

Дар натиҷа кормандони милитсия ноболиғи 15-сола, хонандаи синфи 9-уми МТМУ, сокини кӯчаи Ободкорони ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, бо гумони содир намудани кирдори дуздӣ дастгир карданд.

Тафтишот идома дорад.

-->

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.