Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Хуҷанд ҳам соҳиби ташхисгоҳи вирусологӣ шуд

Дар шаҳри Хуҷанд, дар бинои Маркази назорати давлатии санитарию эпидемологии вилояти Суғд ташхисгоҳи нави вирусологӣ ба фаъолият оғоз кард.

Фаъолияти ин ташхисгоҳгоҳро  раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода оғози расмӣ бахшид. Тавре Маъмури Юсуфзод, сухангӯи раиси шаҳри Хуҷанд иттилоъ дод, ки ташхисгоҳи мазкур бо мақсади муайян намудани бемории сироятии коронавируси нави COVID-19 таъсис дода шуда, имкони дар як шабонарӯз гузаронидани 150-200 таҳлилро дорад.

Гуфта мешавад, ки мутахассисони  ташхисгоҳ аз курси махсуси омӯзишӣ дар Муассисаи давлатии «Пажӯҳишгоҳи тиббии профилактикии Ҷумҳурии Тоҷикистон» гузаштаанд. Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмазода гуфтааст, фаъол гардидани чунин озмоишгоҳ дар шаҳри Хуҷанд имкон медиҳад, ки барои муайянсозии бемории COVID-19 корҳо ҷоннок гардад.

Қаблан  намунаи таҳлили гумонбарони бемории COVID-19 барои ташхис ба шаҳри Душанбе фиристода мешуд.

-->

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.