Хатлон ва Кӯлоб соҳиби ташхисггоҳи вирусологӣ шуданд

Дар шаҳри Бохтар ташхисгоҳи вирусологӣ барои муайян кардани бемории COVID-19 ба фаъолият оғоз кард.

Нурулло Бояков, сардори Маркази назорати давлатии санитарию эпидимиологии вилояти Хатлон гуфт: “ Ташхисгоҳ дар назди маркази мо фаъолият дорад. Дастгоҳҳои зарурӣ қаблан дар таҳлилгоҳи мо мавҷуд буд, танҳо аз сабаби набудани мутахассисони омӯзишдида иҷозаи гузаронидани чунин намуди ташхисро надоштем. Бо дастгирии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва як соҳибкори маҳаллӣ мо ду нафар мутахассисонро ба Пажуҳишгоҳи профилактикии назди Вазорати тандурустӣ фиристодем. Баъди гузаштани давраи омӯзишӣ иҷозаи фаъолиятро дарёфт карда, 26 май ба фаъолият шурӯъ кардем.
Ин ташхисгоҳ имкони дар як шабонарӯз гузаронидани 150 то 200 таҳлилро дорад ва он барои 14 шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон хизмат хоҳад кард.
Чунин як ташхисгоҳ дар шаҳри Кӯлоб низ ба кор шурӯъ кардааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *