Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Хуҷанд: Раисфиребӣ то ба кай?

Ду сол боз модарам бемории саратон асту Маркази саратоншиносии вилоят “хонаи дуюми мо” шудааст. Чӣ хеле ки мегӯянд “то корат наафтад, намедонӣ, ки дунё чист?”.

Ман ҳам то дами ба дард печидани модарам ва пеш омадани корафтодагӣ ба  Маркази саратоншиносӣ аз мушкилоти ин муассиса, ки кондукторҳо гоҳ “Горболниса” ва гоҳи дигар “Гурболниса” мегӯянд, огоҳ набудам.

Гап дар сари он ки расидан ба беморхона барои мизоҷон ниҳоят душвор аст, зеро роҳи яктарафаву танг ва вайрону валангори пур аз кулмаку чуқуриҳо барои мизоҷони ин даргоҳ мушкилоти зиёдеро ба бор меорад. Илова бар ин, бо сабаби набудани таваққуфгоҳи муайян тамбашавии нақлиёт боиси обу лойолуд шудани пиёдагардон ва рекламаҳои сарироҳӣ монеи роҳ гаштани онҳо мешавад.

Дар ин кӯчаи танг мавҷудияти даҳҳо ошхона (ва пирожкипазҳову шашликпазҳо) дӯкончаҳои хӯрокворӣ ва либосворӣ ба мушкилоти сокинони корафтодаро меафзояд.

Дар  4 қадами ин тангкӯча  4 беморхонаю марказҳои табобатӣ мавҷуд аст, ки нисбат ба дигар ҷойҳо табиист  серодам, пурмошин ва пурхатар аст.

Илова бар тангии роҳ ва нуқтаҳои зикршуда мошинҳои шахсӣ (шояд аксараш аз они духтурҳо бошад)  ду тарафи роҳро банд мекунанд.

Агар  телевизионҳои маҳаллии шаҳри Хуҷандро тамошо кунӣ,  гумон менамоӣ, ки  дар Хуҷанд нею дар Париж зиндагӣ дорӣ. Албатта, Хуҷанди мо шаҳри тамизу зебо аст, аммо касе ба бесарусомонии ин маҳал таваҷҷуҳ намекунад.

Дар шаҳри Душанбе барои азнавсозии шаҳр хонаҳои сокинон кӯчонида мешавад ва роҳҳо васеъ шуда, мушкилот бартараф мегардад, вале дар Хуҷанд касе ҷуръат намекунад, ки дӯкончаҳову дорухонаҳо ва ошхонаҳои сарироҳиро бардошта, роҳро васеъ ва мушкилоти мардумро ҳал намояд.

Ҳар гоҳ раиси вилоят ба ин марказҳо раванд, шоҳидам, ки на як мошин дар канори роҳ меистаду на як шашликпазу пирожкипаз, ки сабабаш ба ҳама маълум. Вале раисфиребӣ то ба кай? Як бор нақшавӣ не, ғайринақшавӣ дар айни танбашавиҳо раис ба ин кӯча гузорашон афтад, бовар дорам барои васеъ кардани роҳ ва таъмиру мумфарш  кардани он  супориш медиҳанд.

Фарзона Муродӣ

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.