Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Ифтитоҳи мактаби рақами- 101 дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе

Дар доираи таҷлили 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 101 барои 1 ҳазору 200 нафар хонанда мавриди баҳрабардорӣ карор гирифт, ки имрӯз дар маросими ба истифодадиҳии он Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумхурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштирок намуданд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро хонандагон ва омӯзгорони муассиса гарму самимӣ ва бо эҳтирому қадршиносии беандоза истиқбол намуда, барои дастгириҳои пайваста ба соҳаи илму маориф сипосу миннатдорӣ карданд.

Сарвари давлат баъди буридани лентаи рамзӣ ва мавриди баҳрабардорӣ қарор додани муассисаи наву замонавӣ, ки бо тарҳи муосир ва ҷавобгӯ ба талаботи имрӯза бунёд гардидааст, бо шароити таҳсил ва сифати корҳои сохтмонӣ шинос шуда, ба кори сохтмончиён баҳои баланд доданд. Тавре аён гардид бинои асосии муассиса аз се ошёна иборат буда, ҳамзамон дорои толори бошукуҳи варзишии муҷаҳаз бо таҷҳизоти зарурии тамрин мебошад. Дар саҳни бинои мактаб варзишгоҳи замонавии кушод барои бозиҳои футбол, волейбол, баскетбол ва инчунин тенису дигар майдончаҳо барои обутоби бадан бунёд ёфтааст. Дар иншооти мазкур фармоишгар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, пудратчӣ Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи «ТВЕА» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва лоиҳакаш Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи «Меъморӣ ва шахрсозӣ» мебошад. Корҳои сохтмонӣ аз ҷониби Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди «Союз Сохтмон» ба анҷом расонида шудааст. Сохтмони бинои муассиса моҳи сентябри соли 2015 оғоз гардида, дар муддати як сол бо сифати баланд ва ҷавобгӯ ба талаботи стандарти байналмилалӣ сохта шудааст.

Маблағи умумии ҷудогардида барои анҷоми корҳои сохтмони ва таҷҳизонидани муассиса бо ашёи зарурии хониш 24 миллион сомониро ташкил медиҳад. Дар рафти корҳои сотмонӣ дар иншоот бештар аз 350 нафар мутахассисону дигар сохтмончиёни маҳаллӣ ба кори муввақатӣ фаро гирифта шуда, бо маоши хуб таъмин гардидаанд. Тибқи иттило баъди мавриди истифода қарор гирифтани муассиса 70 нафар шаҳрвандони мамлакат бо ҷойи кори доимӣ таъмин мегарданд.

Бинои муассисаи таълимӣ дорои маҷлисгоҳ бо 450 ҷойи нишаст, 47 синфхона, аз ҷумла 32 синфхонаи фаннӣ ва боқимонда синфхонаҳои алоҳидаи муҷаҳаз бо таҷҳизоти муосири таълиму тадрис мебошад. 2 синфхона ҳамчун синфхонаи компютерӣ пешбинӣ шудаанд, ки ҳар кадом бо 25 адад компютер муҷаҳаз карда шудаанд. Маҷмуан муассиса бо 63 адад компютер таъмин гардидааст.

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумхурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат бо омӯзгорон ва муҳасилини муассиса иброз доштанд, ки ба истифода додани боз як муассисаи бошукӯҳи таълимӣ бо беҳтарин шароити илмомузӣ барои сокинони ноҳияи Синои пойтахт туҳфаи арзанда дар рӯзҳои таҷлили 25 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи Президент ва Ҳукумати мамлакат ба шумор меравад.

Давоми 25 соли соҳибистиклолӣ барои рушду тарақиёти соҳаи маориф ва баланд бардоштани сатҳи таълиму тарбия дар муасисаҳои таълимӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахусус Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи махсус равона гардида, дар тамоми шаҳру ноҳияҳои мамлакат муассисаҳои наву замонавӣ сохта мавриди истифода қарор дода шуд. Тавре Сарвари давлат таъкид доштанд, соҳаи маориф яке аз соҳаҳои афзалиятноки ҷомеъа ба шумор рафта, мақсад аз бунёду азнавсозии муассисаҳои таълимӣ дар қаламрави ҷумҳурӣ, ин баланд бардоштани сифати таълим мебошад, ки ин омил бевосита дар пешрафту тарақкиёти тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат заминаи мусоид мегузорад.

-->

Шарҳ

3 шарҳ вуҷуд дорад
  1. Аминчон 14.11.2017 10:00

    Мактаби созай мешава камерохош кор мекна.

  2. Алиёр 14.03.2018 16:46

    Устодои тенч дора устодош сахт мегиран мактаби созай зур дарс метан

  3. Anonymous 02.08.2020 15:42

    Ифтитоҳ — намешавад ба ҷои ифтитоҳ КУШОДАШАВӢ нависед? Шумо мехоҳед, ки мо араб шавем?
    Ё мехоҳед забони модарии моро нест кунед?

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.