«Ихтироъкори беҳтарини Тоҷикистон»: Шоҳҷоиза насиби Зумрат Ғайбуллоева шуд

Имрӯз дар шаҳри Душанбе маросими супоридани ҷоизаҳо ба ғолибони озмуни «Ихтироъкори беҳтарини Тоҷикистон» барои солҳои 2019-2020 баргузор шуд. Устоди  Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ 

Зумрат Ғайбуллоева, устоди  Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ ҳамчун ихтироъкори беҳтарини Тоҷикистон дар солҳои 2019-2020 сазовори медали тиллои Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ (СУМЗ) гардид.

Гуфта мешавад, к номбурда  7 нахустпатент,  1 патенти Авруосиёгӣ, 4 аризаи Авруосиёгӣ ба ихтироъ мебошад.

Боиси зикр аст, ки  Суҳбатҷон Баҳриев бо ҷоизаи олии Ташкилоти патентии Авруосиёгӣ — медали тиллои ба номи В.И. Блинников  ҳамчун ихтироъкори беҳтарини Тоҷикистон дар солҳои 2019-2020 сарфароз гардонида шуд. Ӯ дорандаи 1 патент, 15 нахустпатент, 2 патенти Авруосиёгӣ, дастурамал барои фермерҳо ва деҳқонҳо мебошад.

Ёдовар мешавем, ки Озмуни ҷумуриявии «Ихтироъкори беҳтарини Тоҷикистон»  дар асоси дастуру супоришҳои  Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргирифта аз Паёмҳояшон ба Парлумон  дар ду сол як маротиба дар доираи таҷлили Рӯзи ихтироъкорон ва навоварони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи байналмилалии моликияти зеҳнӣ-26 апрел бо мақсади ҷалби афроди лаёқатманд ба навоварию ихтироъкорӣ, тарғибу ташвиқи соҳа дар байни аҳолӣ,  дастгирӣ ва ҳавасманд намудани ихтироъкорону навоварони ҷумҳурӣ гузаронида мешавад.

Озмун маротибаи 13-ум аст, ки гузаронида шуда,  соли равон 51 нафар ихтироъкорон бо пешниҳоди 117 ихтироъ барои иштирок дар озмун ҳуҷҷат пешниҳод намуда буданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *