Имрӯз Лоиқ ба майдон мебарояд. Нахустин қувваозмоияш дар лигаи PFL аст

Имрӯз  варзишгари шинохтаи тоҷик Лоиқ Раҷабов нахустин қувваозмоияшро дар доираи лигаи PFL-и Амрико дар мавсими нав анҷом медиҳад. Рақиби ӯ Алекс Мартинеси то ҳол мағлубнашуда аз Парагвай мебошад. Дар ин бора журналист Яҳё Маҳмаднабиев дар саҳифаи фейсбукии худ хабар дод.

Муборизаи мазкур дар ИМА баргузор мешавад. Аслан набарди Лоиқ Раҷабов бо варзишгари  амрикоӣ-Ҷонни Кейс ба нақша гирифта шуда буд. Рақобат бояд 21 апрел баргузор мешуд, аммо бино ба гузориши расонаҳо, Ҷонни Кейс барои зӯроварии хонаводагӣ боздошт ва дар ҳабс дар Невада қарор дорад. Муборизаи Раҷабов аз 21 апрел ба 23 апрел мавқуф гузошта шуд ва рақиби ӯ Алекс Мартинеси то ҳол мағлубнашуда аз Парагвай гардид.

Мартинес бидуни бохт дар 7 муҳориба ғалаба кардааст. Омори Раҷабов низ бад нест: 17 муҳориба- 14 ғалаба.

Рақобат дар Ocean Casino Resort Atlantic City ва дар вақти мувофиқ дар ИМА баргузор ва дар зиёда аз 160 кишвари ҷаҳон мустақиман пахш хоҳад шуд.

Ба Лоиқ Раҷабов муваффақият хоҳонем.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *