Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Интихобот: Панҷ ҳизби сиёсӣ имзоҳои заруриро ҷамъ карданд, шашумӣ не

Намояндагони панҷ ҳизби сиёсии Тоҷикистон —  Демократ, коммунист, сотсиалист, кишоварзӣ ва Халқӣ- Демократӣ эълон карданд, ки беш аз 260 ҳазор имзои  мавриди ниёз барои сабти номи номзадҳои хешро ҷамъоварӣ кардаанд, иттилоъ додааст сомонаи sputnik-tj.com дар такя бо сомонаи сомонаи хабаргузории “Парстудей”.

Бино бар иттилои манбаъ, намояндагони ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ ҳануз теъдоди имзои  ҷамоварӣ шуда барои сабти номи Рустам  Раҳматзода  раиси ин ҳизб ва намояндаи маҷлиси қонунгузории Тоҷикистонро эълон накардаанд.

То кунун раисони шаш ҳизби сиёсии Тоҷикистон ба унвони номзади интихоботи раёсати ҷумҳурӣ пешниҳод шудаанд.

Бар асоси гузориши камиссиюни марказии интихоботи Тоҷикистон, то рӯзи 15 сентябр  асноду мадорики номзадҳо барои сабти ному эътоии муҷаввизи ширкати онон дар интихоботи раёсати ҷумҳурӣ 11 октябри баррасӣ хоҳад шуд.

-->

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.