Исмоил Талбаков ба ҷои Шодӣ Шабдолов раиси коммунистҳо шуд

Дар Анҷумани 32-юми  Ҳизби коммунисти Тоҷикистон, ки имрӯз дар қароргоҳи ин ҳизб баргузор шуд, Исмоил Талбаков, муовини раис ба ҳайси раҳбари ҳизби коммунист интихоб шуд.

Дар овоздиҳии ошкоро, ки номзадии ҳам Шодӣ Шабдолов, раиси Ҳизби коммунисти Тоҷикистон ва ҳам муовини раиси ин ҳизб Исмоил Талбаков ба овоздиҳӣ гузошта шуд, Шодӣ Шабдолов, 22 овоз ва Исмоил Талбаков 35 овоз гирифтанд. Ҳамин тариқ Исмоил Талбаков бо гирифтани 35 овоз аз Шодӣ Шабдолов пешӣ гирифта, раиси ҳизб интихоб шуд.

Дар анҷумани ҳизб байни Шодӣ Шабдолов ва Исмоил Талбаков ихтилоф ба вуҷуд омад. Шодӣ Шабдолов баъди он ки Исмоил Талбаков раҳбари ҳизбро ба заъф ва беамалӣ интиқод кард, аз тақаллуб дар интихобот ва изофанависӣ ёдовар шуда, ба Исмоил Талабаков гуфт, аз ҳама ин огоҳ ҳаст ва ин вазъиятро хуб медонад.

Бо ҳамин масъалаи интихоби раиси нав ҳал шуд ва Шодӣ Шабдолов аз раҳбарии ҳизб канор рафт.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *