Комиссияи махсуси Толибон қарзҳороо пардохт менамояд

Комиссияи махсуси пардохти қарзи маоши кормандони давлатиро Дастгоҳи эълонкардаи ҳукумати «Толибон» таъсис дод

Комиссияи пардохти қарзи маоши кормандони давлатиро Аддусалом Ҳанафӣ, ноиби сарвазири ҳукумати «Толибон»* роҳбарӣ мекунад.

Аҳмадҷон Аҳмадӣ, роҳбари дастгоҳи ҳукумати «Толибон»* бо нашри иттилоия дар мавриди комиссия гуфт, ба ҳайати он дар баробари ноиби сарвазир инчунин вазирони молия ва алоқа, раиси Бонки марказӣ ва шаҳрдори Афғонистон шомил шудаанд.

Қарзи маоши кормандони давлатӣ дар Афғонистон айби мақомдорони ҳукумати қаблӣ мебошад, чун дороии давлатро аз худ кардаанд, -мегӯяд Аҳмадӣ.

Бино ба иттилои манбаъ, комиссия дар навбати аввал тасмим  гирифтааст, ки қарзи маоши кормандони бахшҳои маориф, таҳсилоти олӣ, тандурустӣ, молия ва хоҷагии қишлоқро  пардохт намояд айни ҳол ин раванд ҷараён дорад.

Аъзои ин созмони террористӣ 7 сентябр ҳайати ҳукумати интиқолияшро эълон намуданд, ки аксарияти онҳоро толибони паштун ташкил медиҳанд, ки мавриди таҳримҳои СММ мебошанд. Нерӯҳои Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон таҳти роҳбарии Аҳмад Масъуд изҳор доштанд, ки муборизаро барои ташкили як давлати исломии муътадил бо риояи ҳуқуқи инсон, аз ҷумла ҳаққи занон ва мардумсолориро идома хоҳанд дод.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *