Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Корд задани падар аз ҷониби писар

Марди 33-солаи сокини пойтахт, ки пештар доғи судӣ дошт, падари худро корд зада, захмӣ намудааст. Дар ин бора ВКД хабар медиҳад.

Бино ба иттилои манбаъ, ба ШВКД-1 дар ноҳияи Шоҳмансур бо ариза марди 63-солаи сокини пойтахт муроҷиат намудааст, ки 3-юми июни соли 2020, тахминан соати 13:00, дар хонаи истиқоматиашон бинобар сабаби муноқишаи ба миён омада писараш, марди 33-солаи сокини ҳамон ҷо, ки пеш бо моддаи 244 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, бо ӯ ҷангу ҷанҷол карда, бо корди ҳоҷагӣ 1-маротиба ба қафаси синааш задааст.
Дар натиҷа ҷабрдида ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, ба беморхона бистарӣ карда шудааст.

-->

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.