Коронавирус чист? Шарҳи табиб

Феълан Ҷумҳурии мардумии Чинро короновирус – як навъи пневмания ба ташвиш оварда, то имрӯз наздики 5000 нафар аз ин беморӣ сироят ёфтаанд. Теъдоди фавтидагон аз короновирус аз дусад нафар гузаштааст.

Коронавирус чист? Он ба кадом васила ба инсон мегузарад? Оё ин вирус ба Тоҷикистон, ки наздиктарин ҳамсояи Чин аст хатар дорад? Ба ин суолҳо номзади илмҳои тиб Маҳмудшоҳ Кабиров посух медиҳад.

Вируc, ки заррачаи зиндаи беҳуҷайраро меноманд, аз калимаи лотинӣ – virus гирифта шуда, маънояш заҳр аст. Вирусҳо бе ҳуҷайраи хӯҷаин имконоти афзоиш надоранд.

Истилоҳи «вирус» ҳанӯз дар соли 1728 дар олами илми тиб ворид шуда буд, вале худи вирус ҳамчун зарраи зинда соли 1892 аз тарафи олими рус Дмитрий Иванов кашф шуд.

Вирус дар ҳолати бехўҷаинӣ, яъне набудан дар ҳуҷайраи организми дигар — варион номида мешавад.

Илме, ки вирусҳоро меомӯзад, вирусология ном дорад, ки яке аз бахшхои илми микробиология аст.

Дар тасниф вирусҳо 9 тақсимбандӣ, 127 оила, 44 зероила, 782 гуна ва 4686 намуд доранд ва зиёда аз 3000 вирусҳои дигар то ҳол пурра омӯхта нашудаанд. Ин тасниф аз Кумитаи байналмилалии таксономияи вирусҳо гирифта шудааст.
Ҳоло мо дар мамлакати Чин ҳузури бемории нави вирусии бо ном «короновирус» ё «вируси тоҷдор»-ро мебинем, ки Ташкилоти Умумиҷаҳонии Тандурусти (ТУТ) –ро ба ташвиш овардааст. Ин вирус соли 1965 кашф шуд. Номи лотинии ин вирус Coronaviridae – аз оилаи тоҷвирусҳо буда, то соли 2020 — ум 39 намуди он маълум аст, ки дар 2 зероила: Letovirinae df Orthocoronavirinae муттаҳид мешаванд. Бо таснифи Балтимор ин вирус аз геноми як занҷираи якқатораи РНК – и мусбат (+) иборат аст.
Тољвирус одам, гурба, парандаҳо, саг, ҳайвоноти калони шохдор, хук, заргӯшҳоро касал мекунад.
Номи вирус диққатҷалбкунанда аст. «Тоҷвирус» ба хотири он ном гузоштаанд, ки геноми ин вирус (геном – маҷмаи маводҳои ирсӣ) бо капсиди сафедаву чарбдори монандии сари сӯзанаки хордор иҳота шудааст, ки ба тоҷ монандӣ дорад. (Капсид ин пардаи болопӯши вирусро меноманд).
Тоҷвирусҳо узвҳои роҳҳои нафас, ҳозима ва асабро бемор мекунанд. Штамми вируси роҳҳои нафас 0С38, 0С43 ва аз шикам 229Е аст ва тоҷвируси нави Ухан (шаҳри маъмуриятии музофоти Хубэйи мамлакати Чин), ки ҳоло дар шаҳри сераҳолии Ухани Чин рух задааст, аз тарафи ТУТ чун 2019-nCOV ном гузошта шуд.
Моҳи декабри 2019 хурӯҷи бемории илтиҳоби шуш дар бозори маҳсулоти моҳипарварӣ авҷ гирифт ва якум бор дар тесткунии ҳомуз (кислота)-и нуклеинӣ намунаи мусбат аз бемори илтиҳоби шуш (пневмония) гирифта шуд. 20-уми январи 2020 дар музофоти Гуандуни Чин гузариши ин вирус аз одам ба одам исбот гардид. Қариб 1000 одам сироят шуда, 26 нафари он вафот кардааст. Бо маълумоти то 24-уми январ як ҳолати табобати бомуваффақият аз 2019-nCOV ба қайд гирифта шудааст.
Аломатњои вирус
Аломатҳо (симптом)-ҳои ин беморӣ ба бемории илтиҳоби шуш (пневмония) ё синдром (маҷмаи аломатҳои беморӣ)-и вазнини шадиди роҳҳои нафас монанданд. Давраи инкубатсионӣ (то рух задани аломатҳои беморӣ) 6 -12 рӯз аст. Агар вирус аз одам ба одам гузашта бошад, давраи инкубатсионӣ аз 5 рӯз зиёд нест. Аз ин вақт зиёд нишондоди сироят шудан аз ҳайвонот аст. Таҳлилҳои пешакӣ нишондоди онанд, ки мубталошавӣ ба беморӣ (контагиозность) дар њолати мубошират бо бемор хеле баланд аст.
Зинаи баъди инкубатсионӣ аз бемории шадиди роҳҳои нафас сар шуда, оқибати он норасоии нафасгирии зудрави беназорат (дистресс-синдроми роҳҳои нафас) мебошад, ки сабаби марг њисобида мешавад.
Тадқиқотҳои олимон нишон медиҳанд, ки сарчашмаи тоҷвирус маҳсулоти муши паррон ва мори хитойи ҷанубӣ будаанд, ки геноми онҳо ба геноми тоҷвирус монанданд. Рекомбинатсияи гомоглитӣ (мубодилаи нуклеотидҳои геном дар хромосомаҳои монанд) байни мори хитойи ҷанубӣ ва муши паррон ба вуқӯъ омадааст, чунки морон муши парронро шикор мекунанд ва ҳамин тавр ба якдигар муросои вирусӣ кардаанд. Ин навъи маҳсулот гӯшти муши паррон ва мор дар бозори маҳсулоти моҳии шаҳри Ухан ҳамчун ғизои экзотикӣ фурӯхта мешудааст.
Олимони Донишгоҳи Сан-Паулу исботи тадқиқотгарони чиниро басанда намеҳисобанд, вале вирусологи Донишкадаи Пастери Шанхай — Цуй Цзе исботи он намудааст, ки дар хурӯҷи пневмонияи атипикӣ байни мушҳои паррони солҳои 2002-2003-юм чунин тоҷвирус муайян шудааст. Олимони дигари Хитой тахмин мекунанд, ки сабаби пайдоиши ин беморӣ мушҳои парронанд, ки геноми онҳо ба геноми тоҷвирус 96 % якхелаанд.
Пешгирӣ ва табобати ин беморӣ:
ТУТ тавсия медиҳад:
-шустани тез-тези дастон бо хамира ва маҳсулотҳои спиртдор;
-дар ҳолати сулфа ва атса даҳону биниро бо рӯймолчаи дастӣ пӯшонидан;
-камтар мубошират кардан ё қатъи он бо беморони табу хунуксармодошта;
-манъи истеъмоли маҳсулоти гӯшти ҳайвони нодуруст пухта.
Табобати хусусии бемории тоҷвирус ҳанўз коркард нашудааст ва он табобати бартарафкунии аломатӣ ва пурзӯркунии қувваи масуният аст, вале табибони чинӣ дар январи соли 2020 усули табобати нави илтиҳоби шушро, ки тоҷвирус ба вуҷуд меорад, нашр кардаанд: бо роҳи оксигенатсияи экстракорпоралӣ; серкунии хун аз кислород (оксигени ҳаво).
106 фавт ва 4515 сироятёфта дар Чин
То имрӯз дар Чин аз коронавирус 106 нафар фавтида, шумораи сироятёфтагон ба 4515 нафар расид. Дар ин бора хабаргузории “Интерфакс” хабар дод.
Теъдоди фавтҳо дар музофоти Хубейи Чин ба 24 нафар расидааст. Дар як рӯзи охир тақрибан 1,3 ҳазор нафар аз коронавирус сироят ёфтанд.
Бояд гуфт, ки ин бемории сироятӣ аллакай дар Камбоҷа, Ҳонконг, Макао, Тайван, Тайланд, Ҷопон, Кореяи Ҷанубӣ, ИМА, Ветнам, Сингапур, Непал, Фаронса, Австралия ва Малайзия ба қайд гирифта шудааст.
Тоҷикистон ҳамсояи наздиктарини Чин аст, бинобар ин пайдо шудани короновирус дар Хитой ҷомеаи Тоҷикистонро ба ташвиш овард. Ҳатто санаи 27 январ дар шабакаи интернет хабаре пахш шуд, ки гӯё тариқи ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр», ки аз Хитой ба Тоҷикистон парвоз кард, короновирус вориди Тоҷикистон шуда, дар ҳавопаймо 2 нафар фавтидааст. Вале ҳамон замон Вазорати тандурустӣ ва “Сомон-Эйр” ин хабарро рад карданд. Вазорати тандурустии Тоҷикистон мегӯяд, ки барои пешгирии беморӣ дар Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе ҳамаи чораҳо андешаида шудааст.
Коронавирус дар Қазоқистон
Дар ҷисми 23 тан аз мусофироне, ки ахиран аз Чин ба Қазоқистон омаданд, таби баланд ошкор шуда ва чаҳор тан аз онҳо бо нишонаҳои гирифторӣ ба “коронавирус” дар бемористон бистарӣ гардиданд. Дар ин бора Елжан Биртанов, вазири тандурустии Қазоқистон хабар дод.
Вай гуфт, аз беморон барои ташхис хун гирифта шудааст. «Давоми се рӯзи оянда ташхиси мӯшикофона анҷом хоҳад шуд. Табобати беморон шурўъ гардид», — хабар дод вазир.
«То кунун аз Чин ба кишвари мо 25 ҳазору 858 кас ворид шудааст, ки инҳо шаҳрвандони Қазоқистон ва бархе шаҳрвандони хориҷӣ ҳастанд. Ҳамаи онҳо аз ташхис гузаронида мешаванд», — афзуд вазир.
Дар ҳамин ҳол вазир аз ҳамаи онҳое, ки ахиран аз Чин ва кишварҳои ҳамсояи Чин баргаштаанд, хост ба бемористонҳо раванд ва аз ташхис гузаранд.
Таҳияи О.СОҲИБЗОДА

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *