КОРОНАВИРУС: Танҳо барои калонсолон. Чаро ба кӯдакон ва наврасон сироят намекунад?

То ин лаҳза ҳудуди 400 нафар фавтиданд ва қариб 20 000 нафар мубтало ба ин вирус гаштанд.

Даҳшат. Вируси тоҷдор бо чанголҳои маргбораш сарҳадҳоро убур ва талош ба ҷони одамон мекунад. Он ба Тоҷикистон расид? Фаронса, Олмон, Амрико, Япония, Сингапур, Русия… , дар харитаи ҷаҳон ҷое намонд, ки Вируси тоҷдор (коронавирус) ҳуҷум накарда бошад. Дар Сингапур одамоне, ки ба Ухани Чин сафар карданду сафарашонро пинҳон медоранд, ба ҷавобгарии ҷиноятӣ мекашанд. Сарвазири Чин аз Аврупо барои пешгирӣ кардани ин вабои аср ёрӣ металабад. Мутахассисон Осиё Марказиро фаро гирифтани коронавирусро аз эҳтимол дур намедонанд. Агар ин тахмин воқеӣ гардад, Тоҷикистон чӣ хоҳад кард?

Мардум мисли муше, ки аз гурба фирор мекунад, мисли гурбае, ки аз дасти саг дар гурез аст, дар куҷо пинҳон бурданашонро намедонанд. Ухан ба маркази изтироби мардуми сайёра табдил ёфтааст. Оё ин изтироб асос дорад? Шояд ин сохтаю бофтаи онҳоест, ки яроқи бактериологияшонро мехоҳанд озмоиш кунанд? Ё монополистоне ҳастанд, ки мехоҳанд мардумро аз тарс ба кунҷи хонаашон ҷой кунанду сари онҳо тиҷорат кунанд? Чаро ин вирус ба кудакон сироят намекунад, аз паҳлуи одамони миёнсол мегузарад? Сабаби одамони аз 70 -сола болоро ҳадафи худ қарор додани коронавирус дар чист? Шояд сабаб мушкилоти демографӣ дар Чин бошад?

Чунин як мушкилоте ҳабдаҳ сол қабл ба сари Чин омада буд. Кӯршабпарак сабабгори пайдо шудани вирусе гашта буд, ки ба одамон гузашт. Бар асари ин вирус одамон гирифтори пневмания (бемории шуш) -и марговар гаштанд. Ин беморӣ 25 кишвари дунёро фаро гирифт, 8000 одамро заҳролуд кард ва зиёда аз 100 млрд. доллар барои ёфтани антивирус (ваксина) харҷ буд.

Дар Арабистони Саудӣ ҳашт сол қабл як намуди дигари короновирус (MERS-CoV) паҳн шуда буд, ки он аз уштур ба одам гузашт. Ин вирус 2500 одамро заҳролуд ва сабабгори марги қариб 900 нафар гашт.

Ҳоло коронавирус бо чанголҳои маргбори худ аз сарҳади Ухан ба берун мехазад. Давлатҳои ҷаҳон сарҳадҳои обӣ, фазоӣ ва заминиашро бо Чин мебанданд. Русия роҳи оҳанашро низ бо Чин баст. Мегӯянд, ки ба ин васила Русия мехоҳад шаҳрвандони Чинро аз хоки худ берун андозад. Нажодпарастӣ нисбати чиноиҳо дар Аврупо авҷ мегирад. Дар дари тарабхонаҳо доскачаи “Барои чиноиҳо ҷой нест” сари ҳар қадам ба чашм мехурад.

Дар баробари ин ҳама зиндагӣ дар Ухан меҷӯшад. Гӯё чизе нашуда бошад, мардум мехуранд, мепӯшанд, ишрат меронанд.

Агар ин ҳама як таҷриба (эксперемент) бошад, чаро маҳз Ухан интихоб гардид. Ухан ду фурудгоҳи бузурги байналмилалӣ дорад ва роҳҳои он чун рагҳои хунгард шаҳрҳои зиёди Чинро мепайвандад. Дар баробари ин Ухан шаҳри сайёҳӣ нест. Шаҳри сирф чиноист. Шояд боз ҳам масъалаи синну солист, ки мушкилоти демографиро ба миён овардааст?

Пеши дарёро бастан осонтар аз бастани даҳони мардум. Мегӯянд, ки короновирус силоҳ барои нест кардани инсоният аст. Чаро не? Дар Чин сиёсати демографиро ба хотири пешгирии зиёдшавии аҳолӣ аз рӯи шиори “Як оила як фарзанд”ба роҳ монданд. Аммо ин сиёсат натиҷаи дилхоҳ надод, аҳолии қобили меҳнат кам шуд, шумораи нафақахӯрон зиёд гашт. Падару модар,бобою бибӣ сарпарастии як кудакро ба дӯш доштанд ва рӯзе даррасид, ки ин як кудаки ба камол расида мебоист чор нафарро хуронад, пӯшонад, нигаҳбонӣ кунад. Ин буд, ки соли 2014 маҳдудияти зоишро аз байн бурданд. Вале то ҳол қисми зиёди аҳолиро пиронсолон ташкил медиҳанд. Шояд ба ин хотир снайпери коронавирус танҳо пиронсолонро ба нишон мегиранд? Гумон ботил аст. Аммо даҳони мардумро ҳатто бо ниқоб (маска)- и дар Чин нархаш тиллоигашта ҳам наметавон баст. Ба ҳар сурат коронавирус чун Ҷин аз кӯза берун шуд ва аз итоат баромад.

Ин лаҳза, ки шумо ин матлабро мутолиа мекунед шумораи аз вируси тоҷдор фавтида ба 400 расид, шумораи одамони гирифтори он ба домони 20 000 нафар расид. Чӣ бояд кард? Чӣ гуна метавон худро аз он наҷот дод?

Созмони байналхалқии тандурустӣ (ВОЗ) ба иртиботи коронавирус ҳолати фавқулодда эълон кард. Роҳбарияти Чин аз Аврупо барои мубориза бо ин вирус ёрӣ металабад. Хулоса ин аст, ки дубора ба кӯза андохтани Чин кори соддае нест!

Пас, чӣ бояд кард? Дарҳоро баста, аз сӯрохии он назар андозем, ки дар Чин чӣ гуна ҳар он чиро, ки мехазаду мепарад, нӯши ҷон кунанд?
Ё “дил ба ёру даст ба кор” гӯему ба савоб рӯй орем?

Тоҷикистон ҳам метавонад дар ин маъракаи муҳим нақше дошта бошад ва кумак ба ҳамсоягон кунад. Масалан, корхонаи бофандагии шаҳри Душанбе метавонад савоби мардуми Чинро гирад, ҳам тиҷорат кунад. Шояд дар Чин ҳамарӯза як миллиард одам аз ниқоб (маскаҳо) истифода кунанд. Мувофиқи дастури табибон ҳар ду соат мебояд ниқобҳо иваз карда шаванд. Пас, ҳисоб кунед, дар як моҳ барои мардуми Чин чанд миллиард дона ниқоб лозим аст? Агар ҳар донаи он 50 сентӣ ҳам ба савдо равад (ҳол он ки нархи он ба осмон хестааст), комбинати бофандагӣ дар як моҳ метавонад чандин миллиард доллар даромад ба даст орад. Бар замми он кори савоберо ба анҷом мерасонад – дар мубориза бо вабои аср саҳм мегирад.

Ҷои изтироб аст: ниқобҳо дар дӯконҳои доруфурӯшӣ ба 5 сомонӣ расидааст. Шояд зарур аст, ки ҳукумат ба мардуми камбизоат онро ройгон паҳн кунад, ё назорат шавад, ки нархи он боло наравад?

Ҳоло Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ изҳор мекунад, ки дар Тоҷикистон гирифторони бемории коронавирус нестанд. Худо кунад, ки чунин бошад. Таърихи 2 феврал як гурӯҳ мусофирони аз Чин омадаро дар беморхонаи инфексионии маҳаллаи “Зарафшон” ҷой карданд. Гирди ин беморхона, ба хотири мабодо сахт муҳофизат карда мешавад.

Тахмин меравад, ки баъд аз шаш рӯз, таърихи 9 феврал парвози ҳавопаймо миёни Душанбе ва Урумчи барқарор мегардад. Эҳтимол, сомонаи Pressa.tj ин мавзӯъро ҳар лаҳза зери назорат қарор дорад. Шумо хонандагон бо мо бошед. Мо бо такя ба сарчашмаҳои муътамад ба шумо хабар медиҳем, ки вазъият чӣ гуна аст ва чӣ бояд кард.
Давоми рӯз мо ба шумо хабар медиҳем, ки молу колое, ки аз Чин ба Тоҷикистон меоянд, метавонанд интиқолдиҳандаи коронавирус шаванд.

Ҳамчунин, мо тасмим дорем, ки имрӯз ё фардо доктор Ҷавa, ки солҳои зиёд дар яке аз клиникаҳои бонуфузи шаҳри Пекин кор кардааст, ба идораи сомонаи Pressa.tj даъват кунем ва ба саволҳои шумо посух диҳад. Агар саволе доред, онро дар шарҳи матлаб нависед ва ба мо фиристед.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *