Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Кушта шудани ҷавони 22-сола аз ҷониби хоҳар

Кормандони милитсияи вилояти Суғд аз боздошти ҷавонзани 18-солаи сокини ҷамоати деҳоти Росровути шаҳри Деваштич хабар медиҳад, ки бародари худро қасдан ба ҳалокат расонидааст.

Бино ба иттило манбаъ номбурда, санаи 25-уми феврали соли 2020, тахминан соати 10:00 дар манзили истиқоматиаш, аз сабаби муноқишаи ба миён омада бо бародараш ҷавони 22-солаи сокини ҳамон ҷо ҷангу ҷанҷол карда, бо корди хоҷагӣ 1-маротиба ба пойи рости бародараш задааст.
Дар натиҷа ҷабрдида ҷарохати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

-->

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.