Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Маҳмадсаид Убайдуллоев ва Шукурҷон Зуҳуров ба нафақа мераванд

Зокирзода раиси Парлумон мешавад?

Ин шабу рӯз атрофи раиси нави Парлумони Тоҷикистон ва ба нафақа гусел кардани Маҳмадсаид Убайдуллоев, Раиси Маҷлиси миллӣ, Шукурҷон Зуҳуров, Раиси Маҷлиси намояндагон овоза зиёд аст. Аммо воқеият чист?

Зокирзода кист?

Зимни пурсиши ҳафтаномаи “Тоҷикистон” миёни таҳлилгарон ва онҳое, ки собиқаи бузурги фаъолият дар парлумони кишварро доранд, аксарият номи Маҳмадтоир Зокирзодаро мегиранд. Зокирзода чандин сол раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ, вазири кишоварзӣ буд. Ӯ айни замон муовини Сарвазири кишвар аст. Ба андешаи коршиносон, аслан соҳиби курсии раиси парлумон иртибот ба минтақаи Рашт мегирад. Ҳатто, ин ба як анъанае табдил ёфтааст.

Сайдулло Хайруллоев, Шукурҷон Зуҳуров низ маҳз номзадии худро ба вакилӣ аз минтақаи Рашт гузошта, ниҳоят пирӯз ва раиси парлумон интихоб шуда буданд. 10-уми январи соли равон Маҳмадтоир Зокирзода номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ аз ҳавзаи интихоботии якмандатаи Рашт №12 пешбарӣ гардид. Ин пешниҳод дар Конференсияи якҷояи ташкилотҳои Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар ноҳияҳои Рашт, Лахш, Тоҷикобод, Сангвор ва Нуробод сурат гирифт.

Тавре ки аз маълумотномаи Зокирзода Маҳмадтоир бармеояд, ӯ зодаи ноҳияи Рашт аст ва 64 сол дорад. Ихтисосаш муҳандис-заминсоз буда, Донишкадаи хоҷагии қишлоқи Селиноградро хатм кардааст. Замоне, ки Зокирзода дар мақоми раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ кор мекард, ҳамзамон роҳбарии Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба масъалаи марз бо Қирғизистонро бар уҳда дошт. Ба андешаи таҳлилгарон, Зокирзода ҳарчанд дар соҳаи худ мутахассиси хуб аст, аммо дар ҳалли мушкилоти марз миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон чандон муваффақ нашуд.

То ҳол бинобар ҷой доштани муаммо дар дар марзи Исфара ва Бодканд сокинони ду минтақа азият мекашанд. Ҳатто, муноқишаҳои чанд соли охир ба хунрезӣ ва ҳалокати аҳолии осоишта гардидааст. Шояд бо омадани Зокирзода ба Парлумон ба ин муаммо нукта гузошта шавад? Инро ҳам вақт нишон медиҳад. Зимнан, пешгӯӣ мекунанд, ки Саидмурод Фаттоҳзода, муовини аввали Раиси Маҷлиси намояндагон, Қодири Қосим, Раъно Бобоҷониён, муовинони Раиси Маҷлиси намояндагон мешаванд.

Убайдуллоев ва мубориза бо паразитҳо

Инчунин, дар идомаи пурсиши “Тоҷикистон” як манбаъ аз Парлумони кишвар гуфт, ки Маҳмадсаид Убайдуллоев, Раиси Маҷлиси миллӣ ва Шукурҷон Зуҳуров, Раиси Маҷлиси намояндагон баъди маъракаи интихобот ба нафақа мераванд. Маҳмадсаид Убайдуллоев 1 феврали соли равон ба синни 69 қадам мегузорад. Ҳолдонҳо мегӯянд, ки худи Маҳмадсаид Убайдуллоев низ дигар чандон майли идома додани фаъолияти сиёсиро надорад. Ӯ аз соли 1996 то имрӯз Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Аз он замон то соли 2017 раиси шаҳри Душанбе буд.

М. Убайдуллоев солҳои 1968-1970 дар Донишкадаи политехникии Тоҷикистон, солҳои 1970-1974 дар Донишкадаи политехникии ба номи Ленини Харков таҳсил намуда, соли 1985 Мактаби олии ҳизбии назди КМ ҲКИШ дар Тошкандро бо баҳои аъло хатм намудааст. Маҳмадсаид Убайдуллоевро ҳамчун сиёсатмадор ва чеҳраи шинохта аз содиқтарин шахсият ба Ватану Президент унвон мекунанд. Бовиҷдон ва принсипнок аст. Аксарияти мансабдор ному насаби худро тоҷикӣ карданд, аммо ӯ тағйири насаб накард.

Раҷаби Мирзо дар як матлабе Маҳмадсаид Убайдуллоевро чеҳракушоӣ намуда, аз ӯ чанд иқтибос ҳам овардааст. Убайдуллоев аслан ин андешаҳояшро дар вохӯриҳо гуфтааст:

“Ман аз ҳисоби маоши худам маблағ ҷамъ меоварам, то ба Ҳаҷ равам ё Худованд рӯзе амонаташро гирифт, аз пули ҳалоли меҳнатиам масраф кунанд”…“ Ман бо виҷдони худ ва мани худ ҳамеша дар муборизаам!”.. “Ман озодиро дӯст медорам”… “ Худованд на ба ҳама имкон фароҳам меорад, ки бо сари баланд ба нафақа равад. Бубинед, бо Янукович чӣ иттифоқе пеш омад”…

Шукурҷон Зуҳуров тарки парлумон мекунад

Шукурҷон Зуҳуров, ки 66-сола аст, моҳи марти соли равон парлумонро тарк мекунад ва бо ҳамин миссияи ӯ ба охир расида, ба нафақа меравад. Коршиносон фаъолияти Шукурҷон Зуҳуровро дар парлумон ҳамчун раис дар муқоиса ба дигар сохторҳо, аз ҷумла Вазорати меҳнат, ки роҳбар буд, муассиртар медонанд. Ӯ дар бештари масъалаҳои иҷтимоӣ ва қабули қонунҳо мавқеи худро ошкоро нишон медод, аммо боз қонунҳо бидуни баҳсу муҳокимарониҳои вакилон қабул мешуданд. Ӯ дар яке аз ҷаласаҳои парлумон аз паст будани нафақа дар Тоҷикистон изҳори нигаронӣ карда буд.

“Агар аз рӯи виҷдон гап занем, бояд нафақа ба сабади истеъмолии моҳона баробар бошад, то шахси нафақагир тавонад бо он рӯз барад. Ана он вақт дар бораи ҳифзи воқеии иҷтимоии аҳолӣ сухан гуфтан мумкин мебуд… Дигар бо чунин ҳолат муросо кардан мумкин нест… Мардум ба гирифтани нафақаи шоиста умед баста метавонанд ё не?” Ин суоли Шукурҷон Зуҳуров, Раиси Маҷлиси намояндагон аз роҳбари Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи Тоҷикистон буд, ки барои ҷавоб гуфтан ба ин суол як моҳ фурсат дода буд.

Шукурҷон Зуҳуров кист?

Ӯ Академияи идоракунии Федератсияи Россия ва Донишгоҳи муҳандисӣ – заминсозии шаҳри Москваро бо ихтисоси муҳандиси заминсоз хатм намудааст. Дар вилояти собиқи Қӯрғонтеппа ва вилояти Хатлон вазифаҳои мухталифро адо карда, котиби Кумитаи Марказии комсомоли Тоҷикистон, раиси Кумитаи иҷроияи Шӯрои депутатҳои халқи ноҳияи Комсомолобод (ҳоло Нуробод), раиси Кумитаи давлатии меҳнат ва тайёр кардани кадрҳои коргарии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мудири шуъбаи шуғл ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон, муовини роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вазири меҳнат ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намудааст.

Вакили Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати якум (1995 – 2000). Шукурҷон Зуҳуров 28 феврали соли 2010 аз ҳавзаи интихоботии Рашт № 12 вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум ва 16 марти соли 2010 дар ҷаласаи якуми Иҷлосияи якуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раиси Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардидааст.
Интихоботи палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон 1 марти соли 2020 ва палатаи болоӣ 27 март баргузор мешавад. Ин шашумин интихоботи парлумонӣ дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад.

Усмон Раҳимзода,
“Тоҷикистон”

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.