Марҳабо Юсупова аз корнавирус даргузашт ва дар мазори “Гумбази қошуқ” ба хок супурда шуд

Марҳабо Юсупова, ки ҳамагӣ 40 сол дошт, фаъолияти меҳнатиашро аз донишгоҳи мазкур оғоз кард ва то охир дар ин даргоҳи илм фаъолият намуд
Котиб — ҳуҷҷатнигори Шӯрои олимони Донишгоҳи давлатии Хуҷанд Марҳабо Юсупова, ба номи академик Бобоҷон Ғафуров бар асари бемории коронавирус дар синни 40 солагӣ даргузашт.

Яке аз ҳамкорони марҳум Фаридун Ҳодибоев, дар баёни ин хабар ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, Юсупова чанд рӯз дар Бемористони касалиҳои сироятии шаҳри Хуҷанд бо вируси корона дар мубориза қарор дошт. Вале субҳи имрӯз ҷон ба Ҳақ таслим намуд.

“Чанд соат пеш ба мо хабар доданд, ки Марҳабохон Юсупова бандагӣ кардаанд. Аз шунидани ин хабар ҳайратзада шудем. Равонашон шод бод, беҳтарин ҳамкори мо буданд ва дар ҷодаи ҳуҷҷатнигорӣ беназир буданд”, — гуфт манбаъ.

Юсупова Марҳабо Юнусовна соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Баъд аз хатми шуъбаи рӯзномагиронии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров фаъолияти меҳнатиашро дар шуъбаи аспирантураи ҳамин донишгоҳ оғоз намудааст.

Баъдан котиби Шӯрои олимони Донишгоҳ шуда ва чандин сол дар ҳамин як вазифа барои равнақи фаъолияти донишгоҳ, ташкили корҳои маъмуриву ҳуҷҷатнигорӣ саҳми арзанда гузоштааст.

Юсупова дар кори ҳуҷҷатнигорӣ равнақи зиёд дошт ва иҷрои ин масъулиятро дар замони панҷ ректор — Низомиддин Зоҳидӣ, Ваҳҳоб Набиев, Ғафур Усмонов, Анвар Мақсудӣ ва Ҷамшед Ҷӯразода бо маром ба иҷро расонидааст.
Ҳамкоронаш аз Юсупова ба унвони як ҳуҷҷтанигори пурмасъул ёд карда, даргузашти ӯро як талафоти ҷуброннопазир барои Донишгоҳ арёбӣ мекунанд.
Ҷанозаи Марҳабо Юсупова соати 11: 00 имрӯз, 26 июл дар мазори маъруф ба “Гумбази қошуқ” бо иштироки ҳамкорон ва хешу пайвандонаш бо хок супурда шуд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *